Марҳилаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ бо афзоиши босуръати ҳаҷми калони додаҳо, густариши хидматҳои абрӣ, платформаҳои рақамӣ, пардохтҳои электронӣ, интернети ашё ва автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ тавсиф мешавад. Дар чунин муҳит арзиши иқтисодии иттилоот меафзояд ва худи иттилоот ба захираи стратегии ташкилот, давлат ва бозор табдил меёбад. Дар адабиёти тоҷикӣ ва минтақавӣ таъкид мешавад, ки иқтисоди рақамӣ на танҳо шакли нави ташкили муносибатҳои иқтисодӣ, балки муҳити нави тавсеаи хавфҳои иттилоотӣ низ мебошад [1], [15]. Дар ҳамин замина амнияти иттилоотӣ аз вазифаи ёрирасони техникӣ ба яке аз шароитҳои асосии устувории иқтисоди рақамӣ табдил меёбад.
Таҳдидҳои муосири рақамӣ дигар танҳо бо ҳамлаҳои анъанавии вирусӣ маҳдуд намешаванд. Паҳншавии ransomware, фишинги генеративӣ, deepfake, истифодаи ботҳои интеллектуалӣ, ҳамла ба инфрасохтори IoT, осебпазирии экосистемаҳои абрӣ ва истифодаи амсилаи забонии калон барои тавлиди код ё матни фиребанда нишон медиҳанд, ки профили таҳдидҳо мураккаб ва бисёрсатҳӣ шудааст [6], [9]. Аз ин рӯ, механизмҳои классикии муҳофизатӣ, ки асосан ба қоидаҳои статикӣ ва сигнатураҳо такя мекунанд, дигар барои таҳдидҳои сифрӣ, аномалияҳои рафторӣ ва ҳамлаҳои мутобиқшаванда кофӣ нестанд [2], [8, с. 6976], [16].
New publications: |
Popular with readers: |
Worldwide Network of Partner Libraries: |
![]() |
Contacts |
About · News · For Advertisers |
Digital Library of Tajikistan ® All rights reserved.
2019-2026, LIBRARY.TJ is a part of Libmonster, international library network (open map) Keeping the heritage of Tajikistan |
US-Great Britain
Sweden
Serbia
Russia
Belarus
Ukraine
Kazakhstan
Moldova
Tajikistan
Estonia
Russia-2
Belarus-2