ИЛЛЮСТРАЦИИ:
Видео к публикации
Libmonster ID: TJ-948
Автор(ы) публикации: Сафаров Ф.Г.
Учреждение образования \ работы: МИСИС дар шаҳри Душанбе.
Сайт автора(ов): https://www.facebook.com/safarov.fg/

- Биёед суҳбатро аз худи системаи миллии ҷусторӣ “Dodaho” оғоз мекунем. Ин система бо фаъолияти ҳудудан ҳаштмоҳааш то кадом андоза муаррифӣ гардид ва фаъолияти он то куҷо умедворкунанда аст?

- Бубинед, дар ҷаҳони имрӯз, ки одамон як лаҳзаи ҳаёти худро бидуни интернет тасаввур карда наметавонанд, албатта фаъолияти дилхоҳ ширкати интернетӣ барои муассисони он умедворкунанда аст. Махсусан фаъолияти як системаи ҷусторӣ.

Дар ҳазораи нав фаъолияти системаҳои интернетӣ хоҳу нохоҳ рушд мекунанд. Эҳтиёҷ доштан ба интернет ба маънии эҳтиёҷ ба об ва ҳаво маънидод мешавад.

Худи системаи ҷустории “Dodaho” давоми фаъолияти ҳаштмоҳааш аллакай дар миқёси натанҳо Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки берун аз он ҳам муштарӣ пайдо кард. Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон моро пайгирӣ мекунанд ва аз системаи мо истифода мебаранд. Ин чиз моро ба ояндаи дурахшони ширкат умедвор мекунад.

- Бо гузашти ҳашт моҳ истифодабарандагони ин система чӣ миқдор аст?

- Агар гӯем, ки системаи мо дар сатҳи максималӣ рушд карда истодааст, хато нахоҳем кард. Мо дар моҳи аввали фаъолият истифодабарандагони ҳаррӯзаи худро аз сифр ба 20-50 ҳазор нафар расонидем. Имрӯзҳо бошад, то миллион нафар ҳамарӯза аз системаи ҷустории мо истифода мебарад.

- Аслан корбарони шумо киҳоянд ва дақиқан аз кадом кишварҳо?

- Дар баробари шаҳрвандони худамон аксар истифодабарандагони мо аз Русия, Эрон, Афғонистон ва мамолики Осиё аст.

- Барои мо маълум аст, ки дар Русия шояд истифодабарандагони шумо ҳамон муҳоҷирони тоҷик ё он нафаронеанд, ки ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд. Аммо чӣ гуна тавонистед, мардуми Эрону Афғонистонро низ ҷалб созед?

- Шояд сабаб дар он бошад, ки “Dodaho” бо ин ки системаи байналмилалист, унсурҳои милливу суннатии моро низ дар худ нигоҳ медорад. Масалан, вақте дар ин система аз фаҳшу куштор ё порнаграфия хоҳед чизе ҷуста бошед, он барои шумо ҳеҷ саҳифаро боз нахоҳад кард. Яъне, ин система бо фарогирии комилаш метавонад, иффати моро тоза нигаҳ дорад. Корбарони эрониву афғон (бо забони ноби тоҷикӣ-форсӣ) шояд бо ҳамин сабабҳо ба системаи мо рӯ меоранд.

- Хуб аст, ки ширкати шумо давоми ҳашт моҳ муштариёни зиёдро ба хуб ҷалб кардааст. Аммо бо ин миқдор истифодабаранда шумо то куҷо метавонед, масалан бо ширкати Гугл, ки истифодабарандагонаш зиёда аз 3,5 миллиард нафар ё нисфи сайёра аст, дар рақобат бошед? Чун “Додаҳо”-ро замони муаррифӣ шумо баробарвазни системаҳои ҷустории Гуглу Яндекс ва дар радифи онҳо як алтернатива хонда будед.

- Мо корро ҳамакнун шуруъ кардаем. Барои сохтани як ширкате ҳаммонанди Гугл як солу як моҳ муҳлатҳои хеле кам аст. Ва дар ин баробар мо наметавонем аз бузургии онҳо ҳарос дошта бошем. Чун онҳо барои худ карданд ва имрӯзҳо бозори ҷаҳонии интернетро соҳибанд. Моро мебояд дар баробари онҳо талош варзем ва аз пайи амалишавии нақшаҳои худ гардем. Вақте давоми ҳашт моҳ истифодабарандагони мо 50 маротиба зиёд гардидааст, бояд ба идомаи он бовар дошта бошем. Давоми кор чӣ гуна муваффақ гаштани моро вақт нишон хоҳад дод. То ин ҷо ки омадем, пас роҳ ҳамвортар хоҳад буд.

- Шумо дар сатҳи минтақа кӣ ё кадом ширкатро рақиби асосии худ медонед?

- Мо хушбахтона ё бадбахтона дар минтақаи Осиёи Марказӣ рақиб надорем. Зеро то ҳанӯз дар минтақа чунин система вуҷуд надорад.

- Вақте ҳамин “Dodaho” мавриди корбарӣ қарор гирифт, дар мавриди он баҳсҳои зиёде ба миён омад. Ман шахсан чандин шарҳҳоро хондам, ки корбарон аз он интиқоди шадид мекарданд. Масалан, аз надоштани IT-паркҳо, ва умуман дар сатҳи зарурӣ рушд накардани соҳа дар мамлакат интиқод шуда буд. Назари шумо чист дар ин маврид?

- Ин чиз дуруст аст, ки мо ба таври бояд соҳаро рушд надодаем. Аммо ҳамсоякишварҳои мо бо вуҷуди доштани даҳҳо IT-парк ва дигар инфрасохтори соҳа ҳоло ба андозаи мо рушдкарда нестанд. Онҳо барои базаҳои мамолики бегона кор мекунанд ва ҳеҷ кас бехатарии иттилоотии онҳоро кафолат дода наметавонад. Дар мисоли Афғонистони ҳамсоя ва кишвари Русия мо ин чизҳоро имрӯзҳо баръало мушоҳида мекунем. Дар ин замина сухани ниҳоӣ ҳамин аст, ки доштани даҳҳо IT-парк ҷои ифтихор нест, то замоне ки як пули мустақил ба мисли “Dodaho” аз худи онҳо бошад.

Ва баъдан дар мавриди интиқод. Мо, замоне ки корро дар ин самт шуруъ кардем, на танҳо интиқод мекарданд, балки писханд мезаданд, ки як ҷавони тоҷик куҷову кор бо чунин системаҳо куҷо. Ва ҳоло мушоҳида мешавад, ки ҳамон нафарон аллакай ба корҳои мо баҳои дигар медиҳанд ва сатҳи нигаришашон низ тағйир ёфтааст.

- Бигзарем ба “Dodaho Market”. “Dodaho Store” расман кай ба фаъолият шуруъ кард?

- Ҳамагӣ як ҳафта қабл мо ба таври озмоишӣ кори онро шуруъ кардем. Он аллакай барои ҳамагон дастрас аст.

- Дар интернет даҳҳо бозори фурӯши барномаҳо мавҷуд аст ва “Dodaho Market” дар баробари онҳо чӣ гуна метавонад, дар рақобат бошад?

- Шарти аввал ин аст, ки мо барои барномасозон ва он нафароне, ки мехоҳанд барномаҳои худро дар чунин бозорҳо ба фурӯш бароранд, сабукӣ овардаем. Барои мисол ҳар барномасозе, ки мехоҳад барномаву бозӣ ё умуман ҳар кори кардаи ӯ дар дилхоҳ бозор ба фурӯш равад, бояд миқдоре маблағ ба он ширкат супорад. Масалан, дар “Google Play” нархҳо аз 25 доллари амрикоӣ барои як барнома шуруъ мешавад. Дар “App Store” бошад, танҳо барои бақайдгирӣ бояд ҳар як барномасоз 99 доллар пардохт кунад, ки ин ҳудудан 1000 сомонии мост. Аммо дар “Dodaho Market” дилхоҳ барномасоз бо пардохти яккаратаи 49 сомонӣ метавонад, худро ба қайд гирад ва сипас барномаҳояшро бемалол дар ин ҷо ба фурӯш гузорад. Ин чиз албатта барномасозонро шавқманд карда, боиси рушди ширкати мо мегардад.

- Шумо хуб огаҳӣ доред, ки ширкати “Яндекс” бо он қадар тавону қудрате, ки дорад, дар соли 2020 чунин бозори худ, яъне “Яндекс.Store”-ро муфлис эълон кард ва корашро дар ин самт қатъ намуд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мантиқӣ нест, ки дар баробари “App Store”, “Google Play Store” ҳар ширкати дигар ҳам метавонад, ба зону занад?

- Аввалан, Яндекс эълон накард, ки бо чӣ сабабе “Яндекс.Store”-ро баст. Ва дуввум ин ки Яндекс бо вуҷуди дар Русия ва чанд кишвари пасошуравӣ корбарони зиёд доштан, ҳанӯз ширкати русӣ нест ва шояд сабаби қатъи фаъолияти бозораш чизи дигар бошад. Чун ин ширкат дар Нидерландия сабти ном шудааст ва базаи асосиаш низ дар Русия қарор надорад. Аммо бартарияти мо дар он аст, ки мо базаи маълумотҳоро дар кишвари худ нигоҳ медорем ва ҳеҷ вобастагие аз ягон ширкату холдингҳои интернетӣ надорем. Ин чиз барои мо умед мебахшад ва мо метавонем, дар оянда ҳаддалимкон барои миллати худ ва ҳамзабонону ҳамсоягони худ як бозори иттилоотию-инноватсионии пешрафтаро пешниҳод кунем.

- Чаро “Dodaho Market” дар самонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ реклама намешавад? Ба ҷуз саҳифаи шахсии шумо дар ҳеҷ куҷои дигар дараке аз ин нест.

- Сабаби аввалаш дар он аст, ки мо ҳанӯз ба таври ниҳоӣ ин бозорро коркард накардаем ва барномаву категорияҳои он низ мушаххас нест. Бо пурра шудани кор мо ба таблиғи андак ҳам бошад, шуруъ мекунем.

- Чаро андак? Барои таблиғ чӣ мушкил доред?

- Асосан мушкили молиявӣ. Манбаи даромади мо аз ҳисоби корбарон аст, ки ҳоло барои тамоми паҳлуҳоро фаро гирифтан, басандагӣ намекунад.

- Шумо сармоягузор надоред?

- Не. Мо ҳар чизе, ки то имрӯз кардем, аз ҳисоби худи мо ва талошу заҳматҳоямон буд. Барои рушди ин система мо ҳанӯз сармоягузор надорем.

- Чаро?

- Сабаб дар он аст, ки моро ҳанӯз ҳам дар доираҳое, ки бояд дастгирӣ кунанд ва барои рушдамон сармоягузорӣ намоянд, ҷиддӣ қабул намекунанд. Ҳанӯз ҳам баъзе нафароне ҳастанд, ки пойбанди рушди инноватсияи хориҷиёнанд ва огоҳонаву ноогоҳона дар рушди инноватсияи ватанӣ саҳмгузорӣ намекунанд.

- “Dodaho Market” то имрӯз чанд барнома дорад?

- Барои озмоиш мо ҳоло ба он ҳамагӣ се барнома ворид кардаем. Дар рӯзҳои наздик онро пурра хоҳем кард.

- “Dodaho” ба ҷуз аз “Dodaho Market” барои корбаронаш боз кадом хизматрасониҳои дигарро пешниҳод хоҳад кард?

- Мо нақша дорем, ки то Ҷашни байналмилалии Наврӯз почтаи электронии “Dodaho”- ро мавриди корбарӣ қарор диҳем. Ин дар баробари системаи ҷустории “Dodaho” як хизматрасонии сирф миллӣ ва ватанист, ки дар амнияти иттилоотии мо истиқлоли комил мебахшад. Масалан, имрӯз аз Тоҷикистон ҳудуди 2 миллион нафар почтаи Gmail доранд. Бо вуҷуди ҳама ваъдаҳое, ки он ширкат барои корбарон додааст, боз ҳам ҳеҷ бовар нест, ки амнияти иттилоотӣ таъмин бошаду навиштаҳои байниҳамии мо аз ҷониби нафари саввум хонда нашавад. Чун базаи маълумотҳо хоҳу нохоҳ дар кишвари бегона қарор дорад ва дар дилхоҳ ҳолат метавонанд, аз навиштаҳои мо бохабар гарданд. Мо ин шабу рӯзҳо рӯи почтаи электронӣ кор карда истодаем ва Худо хоҳад як хизматрасонии бехатар ва сирф миллиро ба ҳамватанон ва умуман тамоми корбарони сайёра пешниҳод мекунем.

- Шумо бехатарии корбаронро то куҷо кафолат медиҳед? Магар масъулини поч-таи “Dodaho” наметавонанд, мукотибаи корбаронро хонанд?

- Не. Мо ин системаро дар асоси блокчейн сохта истодаем. Ва система тарзе кор мекунад, ки худ ба таври худкор дахолатпазириашро аз даст медиҳад. Яъне, фақат як пуле барои иртиботи корбарон мешаваду халос. Худи система наметавонад, мукотибаи корбаронро хонад.

- Оё “Dodaho” ба ҷуз ин стратегияи дарозмуддат ҳам дорад?

- Бале.

- Стратегияи шумо чӣ гуна аст?

- Стратегияи мо дар аввал рақамикунонии ҷомеа аст. Ва ин ҳам натанҳо ҷомеаи Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт. Мо нақша дорем, ки фаротар аз кишвари худ дар сатҳи минтақаву ҷаҳон корро ба роҳ монем. Баъдан, бо пиёда шудани тамоми ҳадафҳои худ мо метавонем, дар рушди иқтисоди миллӣ як такони ҷиддӣ бахшем. Имрӯзҳо садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо доллари шаҳрвандони мо барои ба даст овардани маълумот дар интернет сарф мешавад. Ва бадбахтона ҳамаи ин маблағҳо рост ба буҷаи ширкатҳои бузурги интернетӣ меравад. Агар қисмате аз ҳамин маблағҳоро тавонем бо пиёда кардани системаи худ дар Тоҷикистон нигаҳ дорем, хизмати бузурге дар рушди иқтисоди миллӣ хоҳад шуд.
Ба ғайр аз ин, мо нақша дорем, ки дар заминаи “Dodaho” мактабҳои муосир, IT-паркҳо, лабораторияҳо ва монанди ин инфрасохтори рақамиро созем, ки барои рушди инноватсияи ватанӣ саҳм гузорем.

- Ба нигоҳи худи шумо сабаби ин қадар машаққатҳои як ҷавон дар мавриди рушди инноватсияи ватанӣ чист? Дар ҳоле, ки баъзе ҳолатҳо аз ҷониби нафарони масъул дастгирӣ ҳам намеёфтаед.

- Бо бузургони мо ҳатто ҷаҳониён ифтихор доранд ва ба дониши онҳо сари таъзим фуруд меоранд. Масалан, бо Синову Хайём ва Беруниву Хоразмӣ мо ҳамагӣ ифтихор мекунем. Вале ҳамеша бо гузаштаҳо ифтихор карда намешавад. Вақте дар доираҳои илмӣ дар мавриди илми имрӯзаи мо баҳсҳо сурат мегирад, моро аз зумраи қафомондаҳо мешуморанд. Махсусан, дар мавриди инноватсия ва технологияи рақамиву барномасозӣ. Ман мехоҳам, ба ҷуз аз оне ки дониши назариявии олимони худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ созам, ҳамчунин, ба тамоми дунё нишон диҳам, ки дар ҳақиқат чизе аз амалия дорем. Масалан, вақте ба конфронсҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ олимони моро ба Ҷопону Австралия ё Амрикову Сингапур даъват мекунанд, ба онҳо на ҳамчун олим, балки муносибати дигартар мекунанд. Ин ба он монанд мешавад, ки аълочии як деҳаро ба фалон як конфронс ҳамчун шунавандаи озод даъват кардаанд. Бо вуҷуди донишманд будан, ба олимони мо муносибати ҳасана сурат намегирад.

Аз ин лиҳоз, замоне фаро расидааст, ки дар баробари миллати дорои таърихи бою куҳан будан, мо имрӯз таърихи нави худро созем. Таърихи пешрафта, ки дар минтақа ва ҷаҳон мавриди эҳтиром қарор гирем. Ва “Dodaho” оғози ин таърих хоҳад буд.

- Мо баъди чанд сол Файзуллоҷон Сафаровро дар қатори муваффақтарин барномасозони ҷаҳон дар мисоли Сергей Брин, Ларри Пейҷ, Иля Сегалович, Стив Ҷобс ва Марк Сукерберг хоҳем дид?

- Вақт довар аст ва барои ба чунин рӯзҳо расидан умедворам.


© library.tj

Постоянный адрес данной публикации:

https://library.tj/m/articles/view/Мо-таърих-месозем-ва-Додаҳо-оғози-ин-таърих-хоҳад-буд

Похожие публикации: LТаджикистан LWorld Y G


Публикатор:

Файзуллоҷон СафаровКонтакты и другие материалы (статьи, фото, файлы и пр.)

Официальная страница автора на Либмонстре: https://library.tj/Safarov

Искать материалы публикатора в системах: Либмонстр (весь мир)GoogleYandex

Постоянная ссылка для научных работ (для цитирования):

Сафаров Ф.Г., Мо таърих месозем ва Додаҳо оғози ин таърих хоҳад буд // Душанбе: Цифровая библиотека Таджикистана (LIBRARY.TJ). Дата обновления: 03.05.2025. URL: https://library.tj/m/articles/view/Мо-таърих-месозем-ва-Додаҳо-оғози-ин-таърих-хоҳад-буд (дата обращения: 26.04.2026).

Найденный поисковым роботом источник:


Автор(ы) публикации - Сафаров Ф.Г.:

Сафаров Ф.Г. → другие работы, поиск: Либмонстр - ТаджикистанЛибмонстр - мирGoogleYandex

Комментарии:



Рецензии авторов-профессионалов
Сортировка: 
Показывать по: 
 
  • Комментариев пока нет
Публикатор
Файзуллоҷон Сафаров
Яван, Таджикистан
824 просмотров рейтинг
03.05.2025 (358 дней(я) назад)
0 подписчиков
Рейтинг
15 голос(а,ов)
Похожие статьи
Моддаи 2 Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1488)
Каталог: Информатика 
334 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров
Амнияти иттилоотӣ дар марҳилаи рушди иқтисоди рақамӣ шарти калиди дар сатҳи миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро таҳдиду хатарҳои мавҷудаи хислати иттилоотидошта дар айни замон омили бесуботкунандаи ҷомеа, унсури марказии муборизаҳои сиёсӣ, василаҳои асосии расидан ба мақсад ва аз ҳама бадтар заъифгардонандаи пояҳои давлатдорӣ мебошанд. Дар шароити имрӯза ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини сулҳу субот аз он вобастааст, ки вазъи амнияти иттилоотии мамлакат дар кадом дараҷа қарор дорад ва иқтидори муҳофизавии он то кадом сатҳ қодир аст, ки таҳдиду хатарҳои навро безарар гардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ ба амнияти иттилоотии комил ниёзмандии бештар дорад. Марҳила ба марҳила ҷомеаи Тоҷикистон бо таҳдиду хатарҳое рӯ ба рӯ гардида истодааст, ки аксари онҳо дар фазои иттилоотии мамлакат пайдо мешаванд.
Каталог: Криптография 
358 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров
Дар мақола мушкилоти асосии ҳифзи маълумоти шахсӣ дар фазои маҷозӣ, инчунин самтҳои асосии талабот баҳри таъмини ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян карда шудааст. Зеро ҳифзи маълумоти шахсӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар меҳвари рушди давлатҳо қарор дорад. Ин зарурат бо рақамикунонӣ, гузариши аксари фаъолиятҳои инсон ба сохти рақамӣ, инчунин афзоиши ҳамлаҳои киберӣ ва ихроҷи маълумоти шахсӣ дар муҳити рақамӣ муайян карда шудааст. Мақсади тадқиқот таҳлили сабабҳо ва шароити хавфҳои зиёд нисбат ба маълумоти шахсӣ, таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ дар фазои маҷозӣ, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ.
Каталог: Информатика 
362 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар ҳоли рушду нумӯъ ва пешрафт қарор дораду барои тезонидани ин раванд ҳамарӯза ҷавононе пайдо мешаванд, ки кишвари маҳбуби моро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Файзуллоҷон Сафаров, олими ҷавон ва номзади илмҳои техникӣ аз зумраи чунин ҷавононе мебошад, ки барои рушди нумӯи кишвар ва ҳифзу гиромидошти арзишу манофеи миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми худро гузошта истодааст. Номбурда нақша дорад, бо пиёда сохтани як тарҳи нав - системаи миллии ҷустуҷӯии “Dodaho” Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд. Дар бораи фаъолияти ин ҷавон ва тарҳи нави ӯ суҳбате доштем, ки фишурдаашро пешкаши хонанда мегардонем.
Каталог: Информатика 
362 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров

Новые публикации:

Популярные у читателей:

Всемирная сеть библиотек-партнеров:

LIBRARY.TJ - Цифровая библиотека Таджикистана

Создайте свою авторскую коллекцию статей, книг, авторских работ, биографий, фотодокументов, файлов. Сохраните навсегда своё авторское Наследие в цифровом виде.
Нажмите сюда, чтобы зарегистрироваться в качестве автора.
Партнёры Библиотеки

Мо таърих месозем ва Додаҳо оғози ин таърих хоҳад буд
 

Контакты редакции
Чат авторов: TJ LIVE: Мы в соцсетях:

О проекте · Новости · Реклама

Цифровая библиотека Таджикистана © Все права защищены
2019-2026, LIBRARY.TJ - составная часть международной библиотечной сети Либмонстр (открыть карту)
Сохраняя наследие Таджикистана


LIBMONSTER NETWORK ОДИН МИР - ОДНА БИБЛИОТЕКА

Россия Беларусь Украина Казахстан Молдова Таджикистан Эстония Россия-2 Беларусь-2
США-Великобритания Швеция Сербия

Создавайте и храните на Либмонстре свою авторскую коллекцию: статьи, книги, исследования. Либмонстр распространит Ваши труды по всему миру (через сеть филиалов, библиотеки-партнеры, поисковики, соцсети). Вы сможете делиться ссылкой на свой профиль с коллегами, учениками, читателями и другими заинтересованными лицами, чтобы ознакомить их со своим авторским наследием. После регистрации в Вашем распоряжении - более 100 инструментов для создания собственной авторской коллекции. Это бесплатно: так было, так есть и так будет всегда.

Скачать приложение для Android