Дар марҳилаи муосир ҳаҷм ва мураккабии амсилаиҳо афзоиш ёфта бошад ҳам, мантиқи бунёдӣ тағйир наёфтааст. Амсилаии амиқ аз қабатҳои табдили хаттӣ ва ғайрихаттӣ таркиб меёбад; омӯзиши он масъалаи минимизатсияи функсияи талафот аст; пешгӯӣ ҳамчун тақсимоти шартии эҳтимолият ё интихоби синфи дорои холҳои калонтар ифода мешавад. Transformer низ, сарфи назар аз миллиардҳо параметр, ба зарби матритсаҳо, нормализатсия, softmax ва оптимизатсияи градиентӣ такя мекунад [17-18; 27-29].
Аҳамияти мавзӯъ танҳо назариявӣ нест. Донистани асосҳои риёзӣ ба муҳаққиқ имкон медиҳад, ки сабаби нокомии амсиларо аз нишонаҳои зоҳирӣ фарқ кунад: оё маълумоти хаттӣ ҷудошаванда нестанд, градиент нопадид мешавад, эҳтимолиятҳо калибрбандӣ нашудаанд, ё андозагирии фосила ба табиати объект мувофиқат намекунад. Ҳамин дониш барои интихоби функсияи талафот, меъёри арзёбӣ, танзимгар, меъморӣ ва усули омӯзиш аҳамияти ҳалкунанда дорад [10-12; 18-23; 37].
Масъалаи асосии мақола чунин гузошта мешавад: ҳар бахши риёзиёт дар кадом марҳилаи коркарди зеҳни сунъӣ саҳм мегузорад ва ин саҳм чӣ гуна ба сифати натиҷа табдил меёбад? Барои ҷавоб додан, занҷири «маълумот - муаррифӣ - амсила - талафот - оптимизатсия - номуайянӣ - қарор» ҳамчун объекти ягона таҳлил карда мешавад. Чунин муносибат аз рӯйхати формулаҳои ҷудогона фарқ карда, нақши функсионалии онҳоро дар як низоми ҳисоббарорӣ нишон медиҳад.
Новые публикации: |
Популярные у читателей: |
Всемирная сеть библиотек-партнеров: |
![]() |
Контакты редакции |
О проекте · Новости · Реклама |
Цифровая библиотека Таджикистана © Все права защищены
2019-2026, LIBRARY.TJ - составная часть международной библиотечной сети Либмонстр (открыть карту) Сохраняя наследие Таджикистана |
Россия
Беларусь
Украина
Казахстан
Молдова
Таджикистан
Эстония
Россия-2
Беларусь-2
США-Великобритания
Швеция
Сербия