Амнияти иттилоотӣ дар марҳилаи рушди иқтисоди рақамӣ шарти калиди дар сатҳи миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро таҳдиду хатарҳои мавҷудаи хислати иттилоотидошта дар айни замон омили бесуботкунандаи ҷомеа, унсури марказии муборизаҳои сиёсӣ, василаҳои асосии расидан ба мақсад ва аз ҳама бадтар заъифгардонандаи пояҳои давлатдорӣ мебошанд. Дар шароити имрӯза ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини сулҳу субот аз он вобастааст, ки вазъи амнияти иттилоотии мамлакат дар кадом дараҷа қарор дорад ва иқтидори муҳофизавии он то кадом сатҳ қодир аст, ки таҳдиду хатарҳои навро безарар гардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ ба амнияти иттилоотии комил ниёзмандии бештар дорад. Марҳила ба марҳила ҷомеаи Тоҷикистон бо таҳдиду хатарҳое рӯ ба рӯ гардида истодааст, ки аксари онҳо дар фазои иттилоотии мамлакат пайдо мешаванд.