Зеҳни сунъӣ аксар вақт ҳамчун маҷмӯи барномаҳо, маълумоти калон ва таҷҳизоти пуриқтидори ҳисоббарорӣ муаррифӣ мешавад. Аммо дар зери ҳамаи ин унсурҳо сохтори риёзие қарор дорад, ки ба мошин имкон медиҳад объектро ба адад табдил диҳад, байни объектҳо монандӣ пайдо кунад, хатогиро чен намояд ва параметрҳои худро тағйир диҳад. Агар маводи хом ва компютер воситаи иҷро бошанд, риёзиёт қоидаҳои табдили ин мавод ба дониш ва қарорро муайян мекунад.
Аз назари таърихӣ низ пайдоиши зеҳни сунъӣ бо формализатсияи ақл алоқаманд аст. Амсилаи Мак-Каллок ва Питтс фаъолияти нейронро тавассути мантиқи булӣ ифода кард; Тюринг масъалаи зеҳни мошиниро ба масъалаи ҳисобшавандагӣ ва рафтори санҷишшаванда табдил дод; Розенблатт персептронро ҳамчун амсилаи эҳтимолӣ ва хаттӣ пешниҳод намуд. Ин гузариш аз тавсифи фалсафӣ ба амсилаи формалӣ нишон дод, ки «омӯзиш» бояд ҳамчун тағйирёбии параметрҳо дар асоси қоидаи дақиқи ҳисобӣ фаҳмида шавад.