Libmonster ID: TJ-2162
Автор(ы) публикации: Сафар Файзуллоҷон Гуреззода
Учреждение образования \ работы: Донишгоҳи миллӣ
Источник: marifatiomuzgor.tj
Сайт автора(ов): Safarberg

“90% бозори мо, тамоми зиндагии мо имрӯз аз хориҷа аст. Мо дар осиёби дигарон об рехта истодаем, боигарии мо берун рафта истодааст”.

Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳоле ки системаҳои иттилоотию иртиботӣ пурра хориҷӣ мебошанд, масрафи истифодаи онҳо солона 2,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар замони рақамикунонии идораи давлатӣ, маориф, тандусустӣ, савдо, молия, ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ давлат танҳо дар он сурат метавонад мустақилияти воқеии сиёсӣ ва иқтисодии худро ҳифз намояд, ки агар иртиботи маълумот, инфрасохтори рақамӣ, реестрҳои давлатӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва механизмҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ дар асоси манфиатҳои миллӣ, яъне мустақилона танзим ва идора карда шаванд. Дар мақола таҷрибаи санадгузории Тоҷикистон, равишҳои OECD, СММ, ITU, Бонки Ҷаҳонӣ, NIST, Иттиҳоди Аврупо ва Чин муқоиса шуда, самтҳои афзалиятноки таҳкими истиқлолияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд [1-22].

Асри XXI қобилияти давлат барои идоракунии мустақилонаи фазои иттилоотӣ ба андозае аҳамият пайдо кардааст, ки онро метавон ҳамрадифи соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ донист. Агар дар марҳилаи саноатӣ нерӯи истеҳсолӣ бештар бо захираҳои моддӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ муайян мешуд, дар марҳилаи рақамӣ маълумот, шабакаҳо, низомҳои абрӣ, платформаҳо, алгоритмҳо ва идентификаторҳои рақамӣ ба захираи стратегӣ табдил ёфтаанд. Маҳз бо ҳамин сабаб гузариш ба иқтисоди рақамӣ танҳо масъалаи ҷорӣ кардани технологияҳои нав нест; он тағйири тарзи амалкунии давлат, бозор ва ҷомеа мебошад [9; 14; 23].

Барои давлатҳои рӯ ба рушд ва махсусан барои кишварҳои маҳдуди баромад ба баҳр, аз ҷумла Тоҷикистон, масъалаи мазкур боз ҳам ҳассостар аст. ITU нишон медиҳад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ пешрафти фарогирии интернет идома дорад, вале тафовутҳо аз рӯи сифати пайвастшавӣ, дастрасӣ, арзиш ва малакаҳо ҳанӯз ҳам ҷиддӣ боқӣ мемонанд [15; 16]. Ин вазъ маънои онро дорад, ки иштироки формалӣ дар иқтисоди рақамӣ ба худӣ худ соҳибихтиёрӣ намеорад. Баръакс, агар рақамикунонӣ бар пояи вобастагӣ аз абзорҳои беруна, провайдерҳои хориҷӣ, системаҳои ҷусторию иртиботии берун аз қаламрав ва меъёрҳои ҳуқуқии аз нигоҳи миллӣ номутавозин сурат гирад, он метавонад осебпазирии нави давлатиро ба вуҷуд оварад [11; 17; 24].

Дар санадҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди миллӣ эътироф шудааст. Консепсияи иқтисоди рақамӣ, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ ва Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ нишон медиҳанд, ки давлат рақамикунониро ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рақобатпазирии иқтисод, рушди хизматрасониҳои давлатӣ ва ташаккули муҳити нави инноватсионӣ қабул кардааст [1-3]. Аз ин рӯ, масъалаи калидӣ на «оё рақамикунонӣ лозим аст», балки «чӣ гуна рақамикунонӣ бояд сурат гирад, то истиқлолияти иттилоотӣ ва манфиатҳои миллӣ таҳким ёбанд» мебошад.

Расми 1. Амсилаи консептуалии истиқлолияти иттилоотӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ

Дар адабиёти муосир мафҳумҳои «истиқлолияти иттилоотӣ», «соҳибихтиёрии рақамӣ», «системаи ҷустории додаҳо» ва «амнияти иттилоотӣ» аксаран ба ҳам наздик истифода мешаванд, вале мазмуни онҳо пурра яксон нест. Амнияти иттилоотӣ бештар ба ҳифз аз таҳдидҳо, ҳодисаҳо ва ҳамлаҳо нигаронда шудааст. Соҳибихтиёрии рақамӣ доираи васеътар дошта, қобилияти давлат, ҷомеа ва иқтисодро барои қабули қарорҳои мустақил дар муҳити рақамӣ дар бар мегирад. Истиқлолияти иттилоотӣ бошад, дар доираи ин мақола ҳамчун қобилияти давлат барои ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, ҳифз ва иртиботи иттилоот дар асоси қонунгузорӣ, институтҳо, инфрасохтор ва арзишҳои миллӣ фаҳмида мешавад [18; 24].

Паҳн шудани шабакаҳои глобалӣ дар солҳои охир чунин андешаро ба миён овард, ки ҳудуд ва салоҳияти давлат дар муҳити рақамӣ суст мешавад. Аммо таҳқиқоти назариявӣ нишон медиҳанд, ки дар асл давлат аз фазои рақамӣ нопадид нашудааст, балки шаклҳои нави ҳузур, танзим ва назоратро ҷорӣ кардааст. Соҳибихтиёрии рақамӣ имрӯз ба мафҳуми калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфта, ҳамзамон мазмуни мубоҳисавӣ ва арзишӣ дорад: он аз як тараф, ба худмуайянкунии давлатӣ такя мекунад, аз ҷониби дигар, ба масъалаҳои ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳифзи маълумот, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ пайванд мехӯрад [24]. Аз ҳамин ҷиҳат, истиқлолияти иттилоотӣ набояд ҳамчун маҳдудияти техникӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмида шавад. Он бештар идоракунии оқилонаи вобастагиҳо, коҳиши осебпазирӣ ва ҳифзи қобилияти интихоби мустақил мебошад.

Аз нуқтаи назари сохторӣ, истиқлолияти иттилоотӣ ҳадди ақал шаш унсури бо ҳам алоқаманд дорад. Якум, унсури ҳуқуқӣ: мавҷудияти қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ оид ба иттилоот, ҳифзи маълумоти шахсӣ, ҳуҷҷати электронӣ, савдои электронӣ ва амнияти миллӣ [4-8]. Дуюм, унсури институтсионалӣ: мақомоти ҳамоҳангсоз, танзимкунанда ва иҷрокунандаи сиёсати рақамӣ, инчунин низомҳои байниидоравии ҳамкорӣ [2; 3]. Сеюм, унсури инфрасохторӣ: шабакаҳои алоқа, маркази додаҳо, шабакаҳои эҳтиётӣ, нуқтаҳои мубодилаи трафик, реестрҳои асосӣ ва абрҳои давлатӣ [10-12; 15]. Чорум, унсури амниятӣ: идоракунии хавфҳои киберӣ, ҳифзи инфрасохтори муҳим, мутобиқати расмиёти идоракунӣ ва омодагии фавқулода [18]. Панҷум, унсури иқтисодӣ: рушди хизматрасониҳои рақамӣ, муомилоти электронӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, платформаҳо ва бозорҳои мустақили миллӣ [1; 2; 8; 17]. Шашум, унсури иҷтимоӣ ва фарҳангӣ: саводнокии рақамӣ, мундариҷаи миллӣ, ҳифзи забон ва баланд бардоштани эътимоди ҷамъият ба муҳити рақамӣ, ниҳоят системаи ҷусторию иртиботии мустақили миллӣ [13; 16; 23].

Дар ҳамин замина истиқлолияти иттилоотӣ метавонад ҳамчун пояи амалишавандаи давлатдории муосир арзёбӣ шавад. Зеро давлати муосир дигар танҳо дар биноҳои маъмурӣ ва ҳуҷҷатҳои коғазӣ амал намекунад; он тавассути реестрҳои аҳолӣ, низоми андоз, гумрук, адлия, тандурустии электронӣ, таълим, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои онлайн фаъолият мекунад. Агар ин зербинои рақамӣ боэътимод, қонунманд ва таҳти назорати миллӣ набошад, иқтидори воқеии давлатдорӣ низ коҳиш меёбад.

Тоҷикистон, ки стратегияи "Тоҷикистони рақамӣ"-ро амалӣ месозад, рушди инфрасохтори миллӣ имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои давлатӣ беҳтар шаванд ва хароҷот кам гарданд.

Ҷадвали 1. Самтҳои афзалиятноки таҳкими истиқлолияти иттилоотӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Самти афзалиятнок

Мазмуни асосӣ

Хавфи асосӣ ҳангоми норасоӣ

Натиҷаи интизоршаванда

Меъмории ягонаи давлатӣ оид ба иттилоот ва реестрҳо

Стандартикунонӣ, ҳамгироии байниидоравӣ, метамаълумот ва қоидаҳои эътибори иттилоот.

Пайдоиши «ҷазираҳои рақамӣ», такрори базаҳо ва қарорҳои идорӣ бар асоси маълумоти номувофиқ.

Баланд шудани сифати маълумот, суръати хизматрасонӣ ва ҳамоҳангии давлатӣ.

Инфрасохтори миллӣ барои додаҳои ҳассос

Марказҳои додаҳо, абри давлатӣ, нусхаи эҳтиётӣ, каналҳои алтернативӣ ва барқарорсозии фаъолият.

Вобастагӣ аз провайдерҳои беруна, қатъи хизматрасониҳои муҳим ва аз даст рафтани назорат бар додаҳо.

Устувории инфрасохторӣ, идомаи фаъолият ва назорати миллӣ бар захираҳои рақамӣ.

Низоми эътимод ва ҳувияти рақамӣ

Имзои электронӣ, ҳувияти рақамӣ, идоракунии ҳуқуқи дастрасӣ, журналкунонӣ ва аудити электронӣ.

Паст шудани эътимод ба хизматрасониҳои рақамӣ, мушкили аслшиносӣ ва баҳсҳои ҳуқуқӣ.

Қонуният, аслшиносӣ ва дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусӣ.

Ҳифзи маълумоти шахсӣ ва гардиши фаромарзии додаҳо

Меъёрҳои равшани коркард, маҳдудсозии додаҳои ҳассос, кафолатҳои ҳуқуқӣ ва техникии интиқоли додаҳо.

Ифшо ё суиистифодаи маълумот, коҳиши эътимоди шаҳрвандон ва хавфҳои ҳуқуқӣ.

Мувозинати махфият, амният ва ҳамгироии иқтисодӣ дар муҳити рақамӣ.

Иқтидори миллӣ дар амнияти киберӣ

Идоракунии хавф, SOC/CERT, мониторинг, санҷишҳои даврӣ, вокуниш ба ҳодисаҳо ва омӯзиши кадрҳо.

Ҳамлаҳои киберӣ, фалаҷи инфрасохтори муҳим ва зиёни иқтисодиву иҷтимоӣ.

Коҳиши хавф, омодагии фавқулода ва устувории низоми давлатӣ.

Мундариҷаи миллӣ ва ҳузури забони тоҷикӣ

Платформаҳо ва захираҳои маҳаллии рақамӣ, маҳаллӣкунонӣ, дастгирии забон ва муҳтавои босифат.

Вобастагӣ аз муҳтавои беруна, ҳошияшавии забон ва коҳиши фарогирии иҷтимоӣ.

Таҳкими ҳувияти фарҳангӣ, афзоиши истифодаи хизматрасониҳо ва фарогирии рақамӣ.

Сармояи инсонӣ

Омодасозии мутахассисон дар самтҳои киберамният, ҳуқуқи рақамӣ, идоракунии додаҳо ва таҳлил.

Норасоии кадр, сустии татбиқи стратегияҳо ва вобастагии дарозмуддат аз берун.

Пойдории ислоҳот, иқтидори миллӣ ва рушди дарозмуддати иқтисоди рақамӣ.

Дар иқтисоди рақамӣ иттилоот ба моликияти маъмулӣ ё маҳсулоти иловагӣ монанд нестанд. Онҳо сарчашмаи қабули қарор, банақшагирии давлатӣ, хизматрасонии мақсаднок, назорати молиявӣ, таҳлили бозор, амнияти ҷамъиятӣ ва рушди инноватсия мебошанд. Бонки Ҷаҳонӣ дар World Development Report 2021 маълумотро манбаи нави арзишофарӣ медонад, вале ҳамзамон таъкид мекунад, ки фоидаи ҷамъиятӣ аз онҳо танҳо дар ҳолати мавҷудияти муҳити боэътимоди идоракунӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, инфрасохтори мувофиқ ва эътимоди шаҳрвандон ба низоми коркарди иттилоот ба даст меояд [14]. OECD низ нишон медиҳад, ки сиёсатгузории маълумот бояд миёни кушодагӣ, назорат ва эътимод мувозинатро нигоҳ дорад [11].

Аз ин ҷо бармеояд, ки масъалаи асосӣ на танҳо ҷамъоварии иттилоот, балки соҳибӣ, ҷойгиршавӣ, дастрасӣ, ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо мебошад. Агар реестрҳои муҳими давлатӣ, маълумоти аҳолӣ, иттилооти молиявӣ ё пойгоҳҳои соҳаи тандурустӣ ба таври бенизом дар системаҳои пароканда нигоҳдорӣ шаванд, давлат аз ду ҷиҳат осебпазир мегардад. Аввал, аз лиҳози идоракунӣ: қарорҳо дар асоси маълумоти номукаммал ё номутобиқ қабул мешаванд. Дуюм, аз лиҳози соҳибихтиёрӣ: вобастагӣ аз провайдерҳо, системаҳои ҷусторӣ ё инфрасохтори хориҷӣ метавонад имкони идоракунии мустақилонаро маҳдуд созад [11; 17; 25].

Таҳқиқоти эмпирикӣ оид ба соҳибихтиёрии рақамии ҳукуматҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто кишварҳои аз нигоҳи техникӣ пешрафта низ метавонанд аз ҷиҳати масири трафик, ҷойгиршавии доменҳо, хизматрасониҳои абрӣ ва провайдерҳои беруна ба таври назаррас вобаста бошанд. Ин вобастагӣ ҳамеша мушкили фаврӣ ба бор намеорад, вале дар шароити буҳрон, таҳрим, низоъ ё ҳамлаи киберӣ метавонад ба қатъи хизматрасониҳои муҳим ва аз даст рафтани назорати амалӣ бар иттилоот оварда расонад [25]. Аз ин рӯ, истиқлолияти иттилоотӣ пеш аз ҳама аз сохтани зербинои устувор, эҳтиётӣ ва таҳти юрисдиксияи миллӣ оғоз меёбад.

Ба чунин зербино якчанд ҷузъи муҳим дохил мешаванд. Якум, маркази додаҳо ва инфрасохтори абрии миллӣ, ки реестрҳои давлатӣ ва хизматрасониҳои муҳими рақамиро мизбонӣ мекунанд. Дуюм, стандартикунонӣ ва ҳамоҳангсозии реестрҳои асосӣ, ба мисли реестри аҳолӣ, молу мулк, соҳибкорӣ, андоз ва пардохт. Сеюм, механизмҳои байнишабакавӣ ва байниидоравии мубодилаи иттилоот, ки аз такроршавӣ ва номувофиқатӣ пешгирӣ мекунанд. Чорум, системаҳои нусхаи эҳтиётӣ, барқарорсозӣ ва идомаи фаъолият, ки барои ҳифзи хизматрасониҳои давлатӣ ҳангоми ҳодисаҳо заруранд [12; 13; 18].

Дар шароити Тоҷикистон ин масъала бо хусусияти иқтисодию ҷуғрофӣ низ алоқаманд аст. Ҳамчун кишвари маҳдуди баромад ба баҳр, Тоҷикистон ба шабакаҳои фаромарзӣ, марказҳои транзитӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ ниёз дорад. Вале ин ниёз набояд ба вобастагии назоратнашаванда мубаддал гардад. Амсилаи самаранок дар чунин шароит на худкифоии мутлақ, балки меъмории инфрасохтории «шарикии идорашаванда» аст: зербинои асосӣ ва иттилооти ҳассос дар дохили юрисдиксияи миллӣ нигоҳдорӣ шаванд, дар ҳоле ки барои хизматрасониҳои иловагӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ механизмҳои ҳуқуқӣ ва техникии мутавозин истифода шаванд [16; 19].

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» асосҳои ҳуқуқии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи чунин маълумотро муқаррар мекунад [4]. Ин қонун бояд дар амал бо принсипҳои кам намудани ҷамъоварии нолозим, муайян будани мақсад, масъулияти оператор, амнияти техникӣ ва ҳуқуқи субъекти маълумот пурра ҳамоҳанг карда шавад. Бе чунин низом эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои рақамӣ шакл намегирад, ва бе эътимод рақамикунонии устувор имконнопазир аст.

Иқтисоди рақамӣ на танҳо бозори нав, балки шакли нави амалкунии давлат аст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум шудааст, ки хизматрасониҳои рақамии давлатӣ дар он сурат натиҷаи баланд медиҳанд, ки агар онҳо ба реестрҳои боэътимод, идентификатсияи электронӣ, имзои электронӣ, мубодилаи байниидоравии додаҳо ва меъмории ягонаи техникӣ такя кунанд [12; 13]. OECD таъкид менамояд, ки ҳукумати рақамӣ танҳо «рақамӣ кардани расмиёти кӯҳна» нест; он бознигарии равандҳои давлатдорӣ аз нуқтаи назари ниёзҳои шаҳрвандон ва корхонаҳо мебошад [12]. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки истиқлолияти иттилоотӣ барои самаранокии идоракунӣ аҳамияти мустақим дорад.

Яке аз заминаҳои калидӣ дар ин самт ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои электронӣ, намудҳои имзо ва тартиби истифодаи онҳоро муайян мекунад [5]. Ин санад барои ташкили муҳити муомилоти электронӣ, аз ҷумла муросилоти расмӣ, шартномаҳо, платформаҳои хизматрасонӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои байниидоравӣ замина мегузорад. Вале аз нигоҳи истиқлолияти иттилоотӣ аҳамияти он боз ҳам васеътар аст: имзои электронӣ яке аз механизмҳои асосии аслшиносӣ, эътимод ва ҳифзи низоми ҳуқуқӣ дар муҳити рақамӣ мебошад. Ҳар қадар низоми мазкур устувортар, дастрас ва боэътимодтар бошад, ҳамон қадар давлат метавонад фаъолиятҳои маъмурӣ ва иқтисодиро ба шакли рақамӣ бе талафи қудрати ҳуқуқӣ ва назорат амалӣ намояд.

Қонуни «Дар бораи иттилоот» ва қонуни «Дар бораи амният» низ барои ташаккули фазои муътадили ҳуқуқӣ аҳамияти калон доранд. Санади аввал меъёрҳои умумии муносибатҳо оид ба иттилоотро муайян намуда, аз суиистифодаи иттилоот ба муқобили амнияти давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз мекунад [6]. Санади дуюм бошад, таъсис ва таҳкими низоми миллии ҳифзи иттилоот ва захираҳои давлатии иттилоотиро ҳамчун вазифаи давлатӣ эътироф менамояд [7]. Дар маҷмӯъ, ин санадҳо нишон медиҳанд, ки қонуният дар муҳити рақамӣ шарти бунёдии давлатдорӣ мебошад: бидуни меъёрҳои равшан давлат наметавонад на ҳуқуқи шаҳрвандро ҳифз кунад, на амнияти ҷамъиятиро таъмин намояд, ва на боварии сармоягузорро ҷалб созад.

Самти дигар савдои электронӣ ва иқтисоди платформавӣ мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» принципҳои асосии муносибатҳои тиҷоратии рақамиро муқаррар мекунад [8]. Аммо аз дидгоҳи истиқлолияти иттилоотӣ муҳим аст, ки экосистемаи савдои электронӣ танҳо майдони фурӯш набошад, балки муҳити идорашавандаи додаҳо, пардохтҳо, аутентификатсия ва ҳалли баҳсҳо низ бошад. Агар ҳамаи унсурҳои мазкур дар платформаҳои беруна мутамарказ шаванд, қисми назарраси иттилооти тиҷоратӣ ва рафтории иқтисодӣ аз доираи назорати миллӣ хориҷ мегардад. Ин метавонад ба адолати андозбандӣ, назорати истеъмолкунанда, рақобати солим ва ҳатто ба сиёсати саноатӣ таъсир расонад [9; 17].

Истиқлолияти иттилоотӣ инчунин ба суботи иҷтимоӣ ва эътимоди сиёсӣ пайванд дорад. Дар замони платформаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ давлат бояд байни ҳифзи озодии баён, пешгирии дезинформатсия, таъмини амнияти иттилоотӣ ва нигоҳдошти муҳити озоди мубодилаи афкор мувозинат пайдо намояд. Рақамикунонии давлатӣ танҳо дар он сурат ба манфиати ҷомеа хизмат мекунад, ки агар шаҳрвандон эҳсос кунанд: маълумоти онҳо ҳифз мешавад, хизматрасонӣ воқеан осон мегардад, қонун барои ҳамаи иштирокчиён яксон амал мекунад ва қарорҳои алгоритмӣ ба ҳуқуқҳои асосӣ зарар намерасонанд [13; 14; 24]. Пас, истиқлолияти иттилоотӣ бе эътимоди ҷамъиятӣ ва бе фарҳанги ҳуқуқии рақамӣ комил шуда наметавонад.

Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки кишварҳо ва иттиҳодияҳои гуногун барои ҳифзи манфиатҳои худ дар муҳити рақамӣ амсилаҳои мухталифро истифода мебаранд. Ин амсилаҳо аз рӯи дараҷаи марказият, танзими бозор, ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ ва нақши давлат фарқ мекунанд, аммо ҳамаи онҳо як нуқтаи муштарак доранд: ҳеҷ як давлати ҷиддӣ фазои рақамиро дигар ҳамчун минтақаи «берун аз сиёсати давлатӣ» қабул намекунад [9; 10; 24].

Иттиҳоди Аврупо бештар амсилаи «соҳибихтиёрии танзимӣ»-ро инкишоф медиҳад. Regulation (EU) 2022/868 оид ба ҳокимияти иттилоот барои баланд бардоштани эътимод ба мубодилаи иттилоот, тавсеаи дастрасӣ ба онҳо ва рушди фазоҳои умумӣ қабул шудааст [19]. Дар доираи ин равиш, ҳадаф танҳо маҳдудкунии гардиши иттилоот нест, балки ташкили қоидаҳои равшан барои истифодаи онҳо ба манфиати иқтисод, идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ мебошад. Афзалияти ин амсила дар он аст, ки соҳибихтиёрӣ бо арзишҳои ҳуқуқбунёд, рақобати солим ва ҳамгироии бозор ҳамоҳанг карда мешавад. Барои кишварҳои рӯ ба рушд аз таҷрибаи Аврупо пеш аз ҳама ду дарс муҳим аст: якум, бе меъёрҳои шаффоф бозори иттилоот ва эътимоди рақамӣ ташаккул намеёбанд; дуюм, танзими иттилоот бояд бо рушди инфрасохтор ва иқтидори институтсионалӣ ҳамқадам бошад [11; 19].

Чин бошад, амсилаи нисбатан марказонидашуда ва давлатмеҳвари соҳибихтиёрии рақамиро амалӣ мекунад. Қонуни киберамният, Қонуни амнияти иттилоот ва Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ дар якҷоягӣ меъмории мукаммали танзимро ташкил медиҳанд [20-22]. Дар ин амсила амнияти миллӣ, соҳибихтиёрии киберӣ, ҳифзи инфрасохтори муҳим, маҳдудияти муайяни интиқоли фаромарзии иттилоот ва масъулияти баланди операторҳо нақши калон доранд. Новобаста аз баҳсҳои сиёсӣ атрофи ин амсила, аз нуқтаи назари идоракунии давлатӣ он нишон медиҳад, ки рушди босуръати иқтисоди рақамӣ метавонад бо бунёди инфрасохтори миллӣ, платформаҳои дохилӣ ва сиёсати қавии танзимӣ ҳамоҳанг шавад [20-22; 24]. Барои Тоҷикистон ва дигар давлатҳои рӯ ба рушд аз ин таҷриба на худи шакли марказонидашуда, балки аҳамияти ҳамбастагии ҳуқуқ, инфрасохтор, стандартгузорӣ ва иродаи сиёсӣ қобили омӯзиш аст.

Равишҳои OECD, СММ ва NIST бештар хусусияти универсалӣ ва идоракунии хавф доранд. UN E-Government Survey 2024 нишон медиҳад, ки рушди ҳукумати электронӣ бо сатҳи омодагии институтсионалӣ, малакаҳои аҳолӣ, дастрасии инфрасохтор ва истифодаи иттилоот барои сиёсати давлатӣ сахт вобаста аст [13]. OECD дар асарҳои худ зарурати ҳамоҳангии сиёсатҳои рақамӣ, идоракунии иттилоот, эътимоди рақамӣ ва рақобатпазириро таъкид мекунад [9-12]. NIST CSF 2.0 бошад, ба равиши идоракунии хавф такя карда, функсияи «Govern»-ро ҳамчун қисми марказии идоракунии киберамният ворид намудааст [18]. Ин ба он маъност, ки амнияти рақамӣ танҳо масъалаи техникӣ нест; он бояд дар сатҳи роҳбарият, стратегия, масъулият ва идоракунии ташкилотӣ ҷойгир бошад.

Барои давлатҳои дорои маҳдудиятҳои манбаъҳои молиявӣ ва кадрӣ амсилаи самаранок одатан аз омезиши ин равишҳо иборат мешавад: танзими ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳо бо усули Аврупо, бунёди зерсохтори миллӣ ва назорати оқилонаи хавфҳо бо назардошти таҷрибаи Осиё, ва идоракунии институтию техникии хавф бо меъёрҳои NIST, ITU ва OECD [11; 15; 18; 19]. Дарси асосӣ чунин аст: истиқлолияти иттилоотӣ бо як санад ё як платформа таъмин намешавад; он натиҷаи сиёсати пайваста, ҳамоҳанг ва бисёрсатҳа мебошад.

Бо назардошти санадҳои мавҷудаи миллӣ, Тоҷикистон барои таҳкими истиқлолияти иттилоотӣ заминаи ибтидоии ҳуқуқӣ ва сиёсиро аллакай гузоштааст [1-8]. Марҳилаи навбатӣ бояд ба гузариш аз эълом ба низоми воқеан ҳамгиро, ченшаванда ва устувори амал татбиқ гардад. Дар ин ҷода, ҳадди ақал ҳафт самти афзалиятнок ҷой дорад.

Якум, ташкили меъмории ягонаи давлатӣ оид ба иттилоот ва реестрҳо. Дар бисёр ҳолатҳо рақамикунонӣ аз эҷоди системаҳои ҷудогона оғоз мешавад, ки баъдан ба «ҷазираҳои рақамӣ» табдил меёбанд. Барои пешгирии ин мушкил зарур аст, ки реестрҳои асосӣ, стандартҳои маълумотҳои калон, қоидаҳои мубодилаи байниидоравӣ ва механизмҳои эътибори иттилоот дар сатҳи миллӣ муайян карда шаванд. Ин кор на танҳо хароҷотро коҳиш медиҳад, балки сифат ва амнияти идоракуниро баланд мебардорад [12].

Дуюм, бунёд ва такмили инфрасохтори миллӣ барои нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои ҳассос. Пеш аз ҳама дар бораи маркази иттилооти боэътимод, ҳалли абрии давлатӣ, нусхаи эҳтиётӣ, шабакаҳои алтернативӣ ва марказҳои идомаи фаъолият меравад. Дар чунин зербино бояд реестрҳои аҳолӣ, молия, андоз, иҷтимоъ, тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои калидӣ ҷойгир карда шаванд. Барои кишваре мисли Тоҷикистон, ки метавонад ба таҳдидҳои табиӣ, техникӣ ва беруна мувоҷеҳ шавад, меъмории эҳтиётӣ ва қобилияти зуд барқарор кардани хизматрасониҳо аҳамияти махсус дорад [15; 16; 18].

Сеюм, рушди низоми эътимод ва ҳувияти рақамӣ. Имзои электронӣ, идентификатсияи рақамӣ, идоракунии ҳуқуқи дастрасӣ, журналкунии амалиёт ва аудити электронӣ пояи эътимод дар муҳити рақамӣ мебошанд [5; 12]. Бе онҳо на хизматрасонии босифати давлатӣ, на муомилоти электронии хусусӣ ва на ҳимояи ҳуқуқи иштирокчиёни муносибатҳои рақамӣ таъмин намешавад. Дар баробари густариши истифода, бояд соддагии хизматрасонӣ, дастрасӣ барои аҳолӣ ва мутобиқат ба стандартҳои амниятӣ низ таъмин карда шавад.

Чорум, таҳкими ҳифзи маълумоти шахсӣ ва идоракунии гардиши фаромарзии иттилоот. Мақсад набояд танҳо маҳдудсозӣ бошад. Баръакс, зарур аст меъёрҳое амалӣ гарданд, ки интиқоли иттилоот ба хориҷ танҳо дар асоси кафолатҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва шартномавии кофӣ сурат гирад, дар ҳоле ки коркарди дохилии иттилооти ҳассос ҳамчун афзалияти миллӣ тақвият ёбад [4; 11; 19]. Ин равиш ба рушди соҳибкорӣ халал намерасонад, балки муҳити боэътимод барои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ фароҳам меорад.

Панҷум, рушди иқтидори миллӣ дар соҳаи амнияти киберӣ. Ин самт бояд аз хариди воситаҳои техникӣ фаротар равад ва идоракунии тамоми давраи хавфро дар бар гирад: муайян кардани дороиҳои муҳим, таснифи иттилоот, баҳодиҳии хавф, вокуниш ба ҳодисаҳо, омӯзиши кадрҳо, санҷиши мутобиқат ва ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ [7; 18]. Барои ин зарур аст, ки дар атрофи инфрасохтори муҳим, мақомоти давлатӣ ва бахши молиявӣ талаботи ҳатмии амниятӣ, санҷишҳои даврӣ ва протоколҳои фавқулода муқаррар карда шаванд.

Шашум, тақвияти истеҳсоли мундариҷаи миллӣ ва ҳузури забони тоҷикӣ дар муҳити рақамӣ. Истиқлолияти иттилоотӣ танҳо бо сервер ва қонун маҳдуд намешавад. Агар фазои рақамии кишвар бо мундариҷаи беруна пур шавад ва забони давлатӣ дар системаҳову платформаву хизматрасониҳо ҷойгоҳи сазовор надошта бошад, дар дарозмуддат ин ба худмуайянкунии фарҳангӣ ва сифати дастрасӣ ба иттилоот таъсир мерасонад. Аз ин лиҳоз, рушди пойгоҳи маълумот, луғатҳои рақамӣ, интерфейсҳои тоҷикӣ, бойгонии электронии дониш ва контенти таълимӣ ба забони давлатӣ низ як ҷузъи истиқлолияти иттилоотӣ мебошад [13; 16; 23].

Ҳафтум, рушди сармояи инсонӣ. Ягон стратегия бе кадрҳои соҳибмалака амалӣ намешавад. Сухан танҳо дар бораи барномасозон намеравад; ба давлат ҳуқуқшиносони рақамӣ, таҳлилгарони иттилоот, мутахассисони киберамният, меъморони реестрҳо, менеҷерони трансформатсияи рақамӣ ва роҳбарони дорои саводи рақамӣ лозиманд. Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ низ бе ин пойгоҳи кадрӣ натиҷаи амалӣ намедиҳад [3; 15]. Барои ҳамин низоми таҳсилот, бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва ҳамкории донишгоҳҳо бо ниҳодҳои давлатӣ бояд аз нав тарҳрезӣ шавад.

Дар маҷмӯъ, таҳкими истиқлолияти иттилоотӣ барои Тоҷикистон бояд ҳамчун сиёсати умумимиллӣ баррасӣ гардад, на ҳамчун маҷмӯи лоиҳаҳои техникии ҷудогона. Вақте ҳуқуқ, инфрасохтор, кадр, амният ва мундариҷа дар як мантиқи ягона муттаҳид мешаванд, рақамикунонӣ ба пояи нави давлатдории муассир табдил меёбад. Зеро, истиқлолияти иттилоотӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба яке аз шартҳои асосии мавҷудият ва рушди давлатдории муосир табдил ёфтааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала аҳамияти махсус дорад, зеро рақамикунонӣ дар баробари имкониятҳои нав вобастагиҳои нав низ меофарад. Аз ин рӯ, истиқлолияти иттилоотӣ набояд ҳамчун маҳдудсозии робитаҳои байналмилалӣ фаҳмида шавад. Мазмуни аслии он сохтани низоме аст, ки дар он ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ бар пояи манфиатҳои миллӣ, қонунмандӣ, амният ва идоракунии боэътимоди иттилоот сурат мегирад. Маҳз чунин равиш метавонад гузариши Тоҷикистонро ба иқтисоди рақамӣ ба манбаи афзоиши иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон табдил диҳад.

 Адабиёти истифодашуда

  1. Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019, №642 // ADLIA.
  2. Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.10.2021, №460 // ADLIA.
  3. Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2022, №483 (бо тағйиру иловаҳои минбаъда) // ADLIA.
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» аз 03.08.2018, №1537 // Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» // Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, матни амалкунанда.
  6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» // Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, матни амалкунанда.
  7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» // Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, матни амалкунанда.
  8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» // Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, матни амалкунанда.
  9. OECD. OECD Digital Economy Outlook 2024 (Volume 1): Embracing the Technology Frontier. Paris: OECD Publishing, 2024.
  10. OECD. OECD Digital Economy Outlook 2024 (Volume 2). Paris: OECD Publishing, 2024.
  11.  OECD. Going Digital Guide to Data Governance Policy Making. Paris: OECD Publishing, 2022.
  12. OECD. Going Digital Integrated Policy Framework. OECD Digital Economy Papers, No. 313. Paris: OECD Publishing, 2020.
  13. United Nations. E-Government Survey 2024. New York: United Nations, 2024.
  14. World Bank. World Development Report 2021: Data for Better Lives. Washington, DC: World Bank, 2021.
  15. International Telecommunication Union. Measuring Digital Development: Facts and Figures 2025. Geneva: ITU, 2025.
  16. International Telecommunication Union. Facts and Figures: Focus on Landlocked Developing Countries 2025. Geneva: ITU, 2025.
  17. UNCTAD. Digital Economy Report 2024. Geneva: United Nations, 2024.
  18. NIST. The Cybersecurity Framework (CSF) 2.0. NIST CSWP 29. Gaithersburg, MD: National Institute of Standards and Technology, 2024.
  19. European Union. Regulation (EU) 2022/868 of the European Parliament and of the Council of 30 May 2022 on European Data Governance. Official Journal of the European Union, 2022.
  20. Cybersecurity Law of the People's Republic of China. Adopted 07.11.2016, effective 01.06.2017.
  21. Data Security Law of the People's Republic of China. Adopted 10.06.2021, effective 01.09.2021.
  22. Personal Information Protection Law of the People's Republic of China. Adopted 20.08.2021, effective 01.11.2021.
  23. Castells M. The Rise of the Network Society. 2nd ed. Oxford: Wiley-Blackwell, 2010.
  24. Pohle J., Thiel T. Digital sovereignty // Internet Policy Review. 2020. Vol. 9, No. 4.
  25. Jansen B. et al. Pushing boundaries: An empirical view on the digital sovereignty of six governments in the midst of geopolitical tensions // Computers & Security. 2023.
  26. Сафаров Ф.Г. Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ / Ф.Г. Сафаров // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – 2024. – No. 7. – P. 280-287.
  27. Сафаров Ф.Г. Таъмини истиқлолияти иттилоотӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ / Ф. Г. Сафаров // Фурӯғи илм. – 2025. – No. 2. – P. 217-224.

© library.tj

Постоянный адрес данной публикации:

https://library.tj/m/articles/view/ИСТИҚЛОЛИЯТИ-ИТТИЛООТӢ-ПОЯИ-ДАВЛАТДОРИИ-МУОСИР-ДАР-МАРҲИЛАИ-ГУЗАРИШ-БА-ИҚТИСОДИ-РАҚАМӢ-ВА-ТАҲКИМИ-АМНИЯТИ-ИТТИЛООТӢ

Похожие публикации: LТаджикистан LWorld Y G


Публикатор:

Файзуллоҷон СафаровКонтакты и другие материалы (статьи, фото, файлы и пр.)

Официальная страница автора на Либмонстре: https://library.tj/Safarov

Искать материалы публикатора в системах: Либмонстр (весь мир)GoogleYandex

Постоянная ссылка для научных работ (для цитирования):

Сафар Файзуллоҷон Гуреззода, ИСТИҚЛОЛИЯТИ ИТТИЛООТӢ ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР ДАР МАРҲИЛАИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ // Душанбе: Цифровая библиотека Таджикистана (LIBRARY.TJ). Дата обновления: 12.03.2026. URL: https://library.tj/m/articles/view/ИСТИҚЛОЛИЯТИ-ИТТИЛООТӢ-ПОЯИ-ДАВЛАТДОРИИ-МУОСИР-ДАР-МАРҲИЛАИ-ГУЗАРИШ-БА-ИҚТИСОДИ-РАҚАМӢ-ВА-ТАҲКИМИ-АМНИЯТИ-ИТТИЛООТӢ (дата обращения: 14.07.2026).

Найденный поисковым роботом источник:


Автор(ы) публикации - Сафар Файзуллоҷон Гуреззода:

Сафар Файзуллоҷон Гуреззода → другие работы, поиск: Либмонстр - ТаджикистанЛибмонстр - мирGoogleYandex

Комментарии:



Рецензии авторов-профессионалов
Сортировка: 
Показывать по: 
 
  • Комментариев пока нет
Публикатор
Файзуллоҷон Сафаров
Яван, Таджикистан
255 просмотров рейтинг
12.03.2026 (124 дней(я) назад)
0 подписчиков
Рейтинг
4 голос(а,ов)
Похожие статьи
Замони муосир, ки иттилоот ба унсури калидии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст, мафҳуми истиқлолияти иттилоотӣ аҳамияти хоса касб намудааст. Истиқлолияти иттилоотӣ маънои қобилияти як давлат ё ҷомеаро дорад: дар истеҳсол, коркард ва иртиботи иттилоот бе вобастагӣ аз системаҳои хориҷӣ ва бе таъсири неруҳои беруна. Ин мафҳум на танҳо ба амнияти иттилоотӣ рабт дорад, балки ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, худшиносии фарҳангӣ ва истиқлолияти сиёсӣ низ таъсири амиқ мерасонад.
Каталог: Кибернетика 
158 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров
Мо таърих месозем ва Додаҳо оғози ин таърих хоҳад буд. Ин таърихест, ки дар он маълумот қудрат аст, фаҳмиш роҳнамо ва инноватсия муҳаррик. Ҳар як бити маълумот, ҳар як рақам, ҳар як порчаи иттилоот зарраест дар ташаккули ояндаи мо. Ба ин маъно, мо на танҳо додаҳоро коркард мекунем, балки мо таърих эҷод мекунем. Таърихе, ки дар он маълумот нақши муҳим дорад ва миллат ба қуллаҳои нав мерасад. Пас, биёед бо якҷоягӣ ин таърихро нависем, бо ҷасорат, ақл ва ӯҳдадорӣ ба ояндае, ки дар он Додаҳо заминаи мустақили миллӣ гардад.
Каталог: Кибернетика 
437 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров

Новые публикации:

Популярные у читателей:

Всемирная сеть библиотек-партнеров:

LIBRARY.TJ - Цифровая библиотека Таджикистана

Создайте свою авторскую коллекцию статей, книг, авторских работ, биографий, фотодокументов, файлов. Сохраните навсегда своё авторское Наследие в цифровом виде.
Нажмите сюда, чтобы зарегистрироваться в качестве автора.
Партнёры Библиотеки

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ИТТИЛООТӢ ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР ДАР МАРҲИЛАИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ
 

Контакты редакции
Чат авторов: TJ LIVE: Мы в соцсетях:

О проекте · Новости · Реклама

Цифровая библиотека Таджикистана © Все права защищены
2019-2026, LIBRARY.TJ - составная часть международной библиотечной сети Либмонстр (открыть карту)
Сохраняя наследие Таджикистана


LIBMONSTER NETWORK ОДИН МИР - ОДНА БИБЛИОТЕКА

Россия Беларусь Украина Казахстан Молдова Таджикистан Эстония Россия-2 Беларусь-2
США-Великобритания Швеция Сербия

Создавайте и храните на Либмонстре свою авторскую коллекцию: статьи, книги, исследования. Либмонстр распространит Ваши труды по всему миру (через сеть филиалов, библиотеки-партнеры, поисковики, соцсети). Вы сможете делиться ссылкой на свой профиль с коллегами, учениками, читателями и другими заинтересованными лицами, чтобы ознакомить их со своим авторским наследием. После регистрации в Вашем распоряжении - более 100 инструментов для создания собственной авторской коллекции. Это бесплатно: так было, так есть и так будет всегда.

Скачать приложение для Android