Барои кишварҳое, ки дар марҳилаи рушди иқтисоди рақамӣ қарор доранд, соҳибихтиёрӣ системаҳои мустақили иттилооту иртиботи на танҳо ба масъалаҳои амният, балки ба таъмини стратегияи миллӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ сахт вобаста аст. Дар ин замина, ҳифзи соҳибихтиёрии кишвар дар фазои иттилоотӣ, аз ҷумла назорати инфрасохтори иттилоотӣ, ҳифзи маълумот ва таъмини амнияти иттилоотӣ, аҳамияти аввалиндараҷаро касб мекунад. Пойгоҳи системаи мазкур барои иқтисоди рақамӣ ва рушди босуръати он таҳлилу баррасӣ шуданаш имкон медиҳад, ки давлат мустақилияти худро дар қабули қарорҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ҳифз намуда, аз таъсири манфии беруна эмин буда, муваффақиятҳои зиёдеро дар самти инноватсия ва рушди иқтисодӣ ба даст орад [1. с 70-78].
Соҳибихтиёрӣ дар соҳаи системаҳои иттилоотию иртиботӣ инчунин барои пешбурди инноватсия ва рушди иқтисоди рақамӣ дар дохили кишвар мусоидат мекунад. Бо таҳияи технологияҳои худӣ ва татбиқи стандартҳои миллӣ, кишвар метавонад экосистемаи рақамии худро бунёд намуда, рақобатпазирии худро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорад. Илова бар ин, таъмини соҳибихтиёрӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ барои ҳифзи фарҳанг ва забони давлатӣ/миллӣ дар фазои рақамӣ муҳим аст. Бо таҳияи мундариҷаи маҳаллӣ, пешбурди забони модарӣ дар интернет ва дастгирии платформаҳои ватанӣ, кишвар метавонад ҳузури худро дар фазои рақамӣ таҳким бахшида, арзишҳои миллии худро ҳифз намояд. Соҳибихтиёрӣ дар соҳаи системаҳои иттилоотию иртиботӣ барои кишварҳое, ки дар марҳилаи рушди иқтисоди рақамӣ қарор доранд, як унсури муҳими амният, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи фарҳангӣ ба ҳисоб меравад [2. с 193-206]. Таъмини соҳибихтиёрӣ имкон медиҳад, ки кишвар мустақилияти худро ҳифз намуда, дар рушди иқтисоди рақамӣ ба ҳадафҳояш расада, мавқеи устуворро ишғол намояд.
Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотию иртиботӣ (ТИИ), кишварҳои дар ҳоли рушд бо имкониятҳои нав ва ҳамзамон бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз як тараф, иқтисоди рақамӣ имкони баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рушди бозорҳои молу хизматрасонӣ, густариши савдои рақамӣ ва ҷалби сармояи хориҷиро фароҳам меорад. Аз тарафи дигар, вобастагӣ аз инфрасохтор ва технологияҳои хориҷӣ метавонад мустақилияти сиёсию иқтисодии давлатро зери хатар қарор диҳад [3].
Додаҳои миллӣ ҳамчун “сарвати стратегӣ” шинохта мешаванд. Агар кишвар имкони нигоҳдорӣ ва коркарди иттилооти шаҳрвандон, ташкилотҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусиро дар дохили марзи худ надошта бошад, хатари аз даст додани соҳибихтиёрӣ ба миён меояд. Ин метавонад ба таври мустақим ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таъсир расонад. Кишварҳое, ки соҳиби инфрасохтори мустақиланд (маркази Додаҳо, системаи ҷусторӣ, иртиботи иттилооти мустақилона), имкони зиёд доранд, ки иқтисоди рақамии худро дар асоси захираҳои дохилӣ рушд диҳанд. Ин дар навбати худ ба баланд шудани рақобатпазирии иқтисод ва пешрафти инноватисияи миллӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, қонунгузории миллӣ бояд бо ин раванд ҳамқадам бошад. Танзими равшан ва устувори ҳуқуқӣ дар бораи ҳифзи маълумот, махфият ва дастрасӣ ба иттилоот, ба шаҳрвандон ва сармоягузорон итминон мебахшад, ки низоми рақамӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ аст. Дар маҷмӯъ, кишваре, ки Додаҳои миллиро ҳамчун сарвати стратегӣ ҳифз ва истифода мебарад, на танҳо соҳибихтиёрии рақамии худро таъмин мекунад, балки заминаи устувор барои рушди иқтисод, афзоиши рақобатпазирӣ ва таҳкими нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад. Ин имкон медиҳад, ки кишвар дар муқобили таҳдидҳои рақамӣ мустақил бошад ва иқтидори инноватсионии худро тақвият диҳад [4. с 280-287].
Дар шароити ҷаҳонишавӣ иттилоот ва технологияи рақамӣ ба унвони қувваи нави стратегӣ табдил ёфтаанд. Ҳар гуна кишвар, агар тавонад мустақилона сиёсати иттилоотиашро пеш барад, яъне ба таҳдидҳо, таҳримҳо тобовар бошад, иттилооташро бе системаҳои иртиботии хориҷӣ идора кунад ва самаранок истифода барад он “истиқлолияти иттилоотӣ” хоҳад дошт.
Ин истилоҳро метавон ба унвони яке аз ҷузъҳои амнияти миллии санҷидашуда дар шароити замонии иттилоотӣ пазируфт: зеро гӯё истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ то ҳадде ба шароити иттилоотӣ вобаста аст. Истиқлолияти иттилоотӣ на танҳо дар бахши амният, балки дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ муҳим аст. Масалан, истифодаи платформаҳои электронӣ (е-governance), таҳқиқот дар соҳаи илм ва техника, технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) ва дигар технологияҳо метавонанд бо эътимод ва бехатар ба пайдошавии арзиши нав дар иқтисод мусоидат кунанд. Айни замон, шарт ва зарур аст, ки аз вобастагии зиёди системаҳои хориҷӣ худдорӣ карда, ба рушди системаи мустақили миллӣ ва инноватсияҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Дар ин замина, амнияти иттилоотӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти миллӣ баромад мекунад, зеро ҳар гуна халалдоршавӣ дар фазои иттилоотӣ метавонад ба суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонад [5].
Ҳифзи истиқлолияти иттилоотӣ шарти асосии таъмини амнияти миллӣ мебошад. Бе идоракунии мустақили фазои иттилоотӣ, давлат наметавонад суботи сиёсӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодиро таъмин намояд. Аз ин рӯ, таҳкими инфрасохтори миллӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар ин самт вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Ҷадвали 1. Навъи пешниҳоди муфид.
|
Самт |
Хатарҳо |
Имкониятҳо |
Тавсияҳо |
|
Амнияти миллӣ |
Вобастагӣ аз хориҷа |
Ташкили инфрасохтори миллӣ |
Сохтани маҳзани Додаҳои миллӣ |
|
Иқтисод |
Манфиатҳои ширкатҳои хориҷӣ |
Рушди системаи ҷустории миллӣ |
Дастгирии молиявӣ ва ҳуқуқӣ |
|
Фарҳанг |
Таъсири фарҳангии беруна |
Тақвияти забон ва фарҳанги миллӣ |
Платформаҳои миллӣ бо забони давлатӣ/тоҷикӣ |
Бояд қайд намуд, ки омили муҳими истиқлолияти иттилоотӣ дар он мебошад, ки бояд воситаҳои ахбори омма моҳияти рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиии аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидоштаро дар сатҳи баланди касбият, ба таври воқеъбинона, саривақтӣ, соддаву фаҳмо ба ҷомеа расонанд ва дар ташаккули афкори мусбӣ ва дурусти ҷомеа саҳми муносиб гузоранд.
Ҳолати таъсири ҳар гуна иттилооти беасос ва бардурӯғ дар расонаҳои манфиатхоҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию ифротгаро ба ҷомеа метавонад камтар гардад. Зеро табиати инсон чунин аст, ки ба иттилои аввал дарёфтнамуда бештар эътимод пайдо мекунад. Эътимоду боварӣ ба иттилооти расонаҳои расмӣ бошад моҳиятан эътимоду бовариро ба ҳокимияти давлатӣ бештар месозад [6].
Дар меҳвари манфиатҳои геополитикии ҳар як давлат ин қудрати ҳарбӣ ва рамзикунонӣ (криптография) меистад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим меояд, ки ин масоили мубрамро ба манфиатҳои миллӣ мавриди таҳия ва коркард қарор диҳад. Дар замони ҷангҳои иттилоотӣ ва гибридӣ (омехта) ин ҳадаф хеле муҳим барои ҳифз аз ҳамлаҳои беруна мебошад [7].
Соҳибихтиёрӣ дар фазои иттилоотӣ яке аз унсурҳои асосии истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Он қобилияти давлатро барои идора ва ҳифзи фазои иттилоотии худ нишон медиҳад, ки дар бар мегирад инфрасохтор, шабакаҳои коммуникатсионӣ, низоми ҳуқуқӣ ва имкони ташаккули сиёсати миллӣ дар соҳаи иттилоот [8].
Ба таври назариявӣ соҳибихтиёрӣ дар фазои иттилоотӣ ҳамчун маҷмӯи омилҳои зерин муайян мегардад:
- Иқтисодӣ (E) – сатҳи рушди иқтисоди рақамӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои миллӣ;
- Технологӣ (T) – имкони таҳия ва истифодаи нармафзору сахтафзорҳои миллӣ;
- Ҳуқуқӣ (L) – қонунгузорӣ ва меъёрҳои миллӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ;
- Амниятӣ (S) – ҳифзи шабакаҳо ва муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ;
- Иҷтимоӣ-маърифӣ (M) – сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ ва фарҳанги иттилоотӣ.
Дар шакли амсилаи оддӣ ин мафҳумро метавон чунин ифода кард:
II=f (E,T,L,S,M),
ки дар он:
Барои ҳисоб ё баҳодиҳӣ, формулаи индекси интегралӣ истифода мешавад:
ки дар он wi — вазни аҳамияти ҳар як омил мебошад.
Ин амсила имкон медиҳад, ки сатҳи воқеии соҳибихтиёрӣ дар фазои иттилоотии кишвар чен карда шавад ва нуқтаҳои заиф муайян гарданд. Масалан, агар нишондиҳандаи технологӣ (T) паст бошад, кишвар ба воридоти технологияҳо вобаста мемонад, ки ин хатар ба истиқлолият аст.
Инфрасохтори миллӣ дар шароити рақамикунонӣ яке аз унсурҳои асосии истиқлолияти иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Он маҷмӯи зерсохторҳо, шабакаҳо ва воситаҳои маҳзани Додаҳо бо системаҳои иртиботӣ мебошад, ки имкони тавлид, интиқол, коркард ва нигоҳдории маълумотро фароҳам меоранд. Зерсохторҳои иттилоотӣ маҷмӯи воситаҳо ва хизматрасониҳоест, ки барои дастгирии фаъолияти иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ истифода мешаванд. Ба онҳо шабакаҳои мобилӣ ва оптикӣ, низомҳои иттилоотии давлатӣ (реестрҳо, платформаҳои хизматрасониҳои электронӣ), инчунин шабакаҳои иттилоотии хусусӣ дохил мешаванд [9. с 26-28].
Дастрасии устувор ва соҳибихтиёрӣ дар интернет омили калидии истиқлолияти иттилоотӣ мебошад. Идоракунии сегменти миллии интернет (ccTLD, IP-маҷмӯаҳо, IXPs – нуқтаҳои мубодилаи трафик) имкон медиҳад, ки кишвар аз таъсири беруна ҳифз шавад ва гардиши дохилии маълумотро таъмин намояд.
Маркази Додаҳо ҷузъи муҳими инфрасохтори миллӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо имкони нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотро дар дохили кишвар таъмин мекунанд. Тибқи стандартҳои байналмилалӣ (TIA-942, Uptime Institute), марказҳои Додаҳо ба дараҷаҳои Tier I – Tier IV тақсим мешаванд, ки ҳар кадом сатҳи боэътимодии гуногун доранд. Истифодаи марказҳои Додаҳои миллӣ афзалиятҳои зеринро фароҳам меорад [10]:
Барои баҳодиҳӣ ба сатҳи инкишофи инфрасохтори миллӣ метавон амсилаи индекси комплексиро истифода бурд. Масалан:
INF=αI+βD+γC,
ки дар он:
Бо истифода аз чунин усул, на танҳо ҳолати кунунии инфрасохтори миллӣ чен карда мешавад, балки имкониятҳои рушди он низ равшан мегарданд.
Таҷрибаи Чин яке аз пуриқтидортарин намунаҳои таъмини истиқлолияти иттилоотӣ ба шумор меравад. Ин кишвар аз солҳои 2000-ум то имрӯз як қатор қонунҳо, моделҳо ва инфрасохтори рақамиро таҳия кардааст, ки намунаи ҷаҳонӣ барои таҳқиқ аст. Ба таври махсус, сиёсати давлатӣ дар самти амнияти киберӣ, ҳифзи маълумот ва идоракунии платформаҳои рақамӣ бо рушди шабакаҳои миллӣ, маҳзани Додаҳои худӣ ва экосистемаҳои маҳаллии хизматрасониҳо (ҷустуҷӯ ва иртибот, шабакаҳои иҷтимоӣ, тиҷорати электронӣ ва пардохтҳои рақамӣ) ҳамоҳанг шуда, асоси устувории рақамиро фароҳам овард. Барои таҳияи стратегия, қадамҳои зерин муҳиманд:
Расми 1. Амсилаи инфрасохтори рақамии мустақил.
Технологияҳои иттилоотӣ имрӯз на танҳо воситаи интиқоли маълумот, балки нерӯи муҳаррики рушди ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар ташаккули иқтисоди рақамӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии давлат нақши муайянкунанда доранд. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ бояд ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ ва стратегияи миллии рушди рақамӣ баррасӣ гардад [11].
Ҷадвали 2. Муқоиса: Афзалият ва нуқсонҳо.
|
Ҷанба |
|
Афзалият |
Нуқсон |
|
Амният |
|
Ҳифзи маълумоти миллӣ ва пешгирӣ аз ҷосусӣ. |
Надорад |
|
Иқтисод |
|
Рушди ширкатҳои ватанӣ (Baidu, Tencent, Huawei). |
Надорад |
|
Иҷтимоӣ |
|
Эътимоди мардум ба платформаҳои дохилӣ. |
Надорад |
Ин меъёрҳо барои кишварҳое, ки мехоҳанд сатҳи истиқлолияти иттилоотиро баланд баранд, заминаи амалии «идоракунии боэътимоди иттилоотро» фароҳам меоранд.
Расми 2. Меъмории иртиботи шабакавӣ [12].
Дар ҷаҳони ба ҳам алоқаманди имрӯза, қобилияти рушди системаҳои ҷусторию иртиботӣ бо сайтҳо интиқол ба як маҳорати муҳим табдил ёфтааст. Новобаста аз он ки дар логистика, идоракунии занҷираи таъминот ё ягон соҳае кор мекунед, ки интиқоли маълумотро дар бар мегирад, доштани шабакаи мустақили қавии иртиботӣ муҳим аст. Ин маҳорат дар атрофи таъсис ва нигоҳ доштани хатҳои муассири иртиботӣ бо сайтҳои интиқол барои таъмини амалиёти муътадил, интиқоли саривақтӣ, бо сифату суръти аъло, ва қаноатмандӣ нигаронида шудааст.
Истиқлолияти комили иттилоотӣ вақте воқеӣ мешавад, ки сиёсат, технология, мундариҷа ва саводнокӣ якҷо пеш раванд. Бо такя ба меъёрҳои миллӣ, инфрасохтори боэътимод, ҳифзи маълумот, истеҳсоли контенти ҷаззоби миллӣ, саводнокии расонавӣ ва шаффофият, инноватсияҳои иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ табдил медиҳем.
Зарурати дигари калидӣ тақвият додани мундариҷаи миллӣ аст, ки ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати дастрасӣ бояд дар сатҳи баланд қарор гирад. Истеҳсоли маводи таълимӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии ҷаззоб ба забони давлатӣ/тоҷикӣ, на танҳо ҳувияти миллиро дар фазои рақамӣ ҳифз мекунад менамояд, балки ба саводнокии расонавӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Ба маври аст, ки инфрасохтори рақамии кишвар ба таври доимӣ такмил дода шавад ва барои ҳолатҳои фавқулодда омода бошад. Ин маънои онро дорад, ки системаи ҷусторию иртиботии мустақили миллӣ, ъяне замина (платформа) – и рақамӣ бояд таҳия ва ҷорӣ карда шавад, зеро пойгоҳи Додаҳо ва маҳзани рақамӣ, дар замони мо аҳамияти калон дорад.
Хулоса
Қобилияти давлат барои идоракунии мустақилонаи инфрасохтор, хидматҳо ва ҷараёнҳои иттилоотӣ дар асоси қонунгузорӣ, арзишҳо ва манфиатҳои миллист. Барои кишварҳои рӯ ба рушд низ, соҳибихтиёрии рақамӣ танҳо «техника» нест – ин рукни сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст, ки устувории иқтисод, рушди навоварӣ ва адолати иҷтимоиро таъмин мекунад.
Бояд қайд кард, ки расидан ба соҳибихтиёрии рақамӣ кори осон набуд ва он саъю кӯшишҳои зиёдро талаб кард, ки дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ Тоҷикистон нахустин шуда истиқлолияти иттилоотию иртиботии худро таъмин намуд: www.Dodaho.tj
ДАБИЁТ:
Новые публикации: |
Популярные у читателей: |
Всемирная сеть библиотек-партнеров: |
![]() |
Контакты редакции |
О проекте · Новости · Реклама |
Цифровая библиотека Таджикистана © Все права защищены
2019-2026, LIBRARY.TJ - составная часть международной библиотечной сети Либмонстр (открыть карту) Сохраняя наследие Таджикистана |
Россия
Беларусь
Украина
Казахстан
Молдова
Таджикистан
Эстония
Россия-2
Беларусь-2
США-Великобритания
Швеция
Сербия