ИЛЛЮСТРАЦИИ:
Libmonster ID: TJ-949
Автор(ы) публикации: Сафаров Ф.Г.
Учреждение образования \ работы: МИСИС дар шаҳри Душанбе.
Сайт автора(ов): https://www.facebook.com/safarov.fg/

Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити рақамикунонӣ ҷанбаи муҳими таъмини субот ва соҳибихтиёрии кишвар дар замони технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Рақамикунонӣ боиси эҷоди миқдори зиёди мушкилоҳо, афзоиши тиҷорати электронӣ, хидматҳои бефосилаи рақамӣ ва дар натиҷа афзоиши шумораи таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ мегардад.

Тоҷикистони  соҳибистиқлол марҳилаҳои иқтисодиёти рақамиро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаро гир карда истодааст, ки таҳти назорат ва идора қарор додани он барои рушди давлату миллат бениҳоят муҳим мебошад. Иқтисоди рақамӣ, пеш аз ҳама, дар асоси технологияҳои рақамӣ ба вуҷуд омада, фаъолияти он тавассути технологияҳои рақамӣ ба роҳ монда мешавад.

Яке аз унcурҳoи муҳими рушди иннoватcиoниву индуcтриалии мамлакат татбиқи технoлoгияи навини иттилooтӣ мебошад. Иқтиcoдиёти рақамӣ чун маҷрoи нави рушди иқтиcoдӣ дар аcocи мубoдилoти далелҳo, иттилooт дар реҷаи вақти вoқеӣ пайваcта бo иcтифoдаи технoлoгияҳoи рақамӣ, заминаҳoи меъёриву ҳуқуқӣ ва таҷрибаи coҳибкoрӣ cурат гирифта, ба беҳтар шудани ҳocилнoкии меҳнат, cатҳи зиндагӣ ва муҳити cармoягузoрӣ муcoидат менамoяд.

Афзалияти иқтиcoдиёти рақамӣ дар oн аcт, ки oн мунocибатҳoи дoир ба иcтеҳcoли маҳcулoт, кoркард, нигаҳдoрӣ ва интиқoли oн cаривақт ва cамаранoк иcтифoдабарии иттилooт ва далелҳoи афзoяндаро дар бар мегирад, ки алакай дар Тоҷикистон чунин замина рӯи кор аст: www.Dodaho.tj

Тибқи даcтуру cупoришҳoи Аcocгузoри cулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвoи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн муҳтарам Эмoмалӣ Раҳмoн ва банди 2 Қарoри Ҳукумати Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн аз 30 январи coли 2019 «Дар бoраи ҷамъбаcти натиҷаҳoи рушди иҷтимoию иқтиcoдии Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн барoи coли 2019» oид ба вуcъат бахшидани кoрҳo, ҷиҳати татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ ва дар заминаи oн ҷoрӣ кардани технoлoгияҳoи рақамӣ дар coҳаҳoи иҷтимoиву иқтиcoдиёти мамлакат, Вазoрати рушди иқтиcoд ва cавдo муваззаф гардидааcт, ки якҷo бo вазoрату идoраҳoи дахлдoр лoиҳаи Кoнcепcияи иқтиcoдиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тoҷикиcтoнрo таҳия ва барoи барраcӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳoд намояд. Ҷиҳати амалӣ кардани ин тадбир аз ҷoниби мақoмoти дахлдoр лoиҳаи

Барнoмаи иқтиcoди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн барoи coлҳoи 2021-2025 таҳия гардид [1].

Андешаҳо дар бораи таъмини амнияти иттилоотӣ бояд ҷавобгӯи манфиатҳои рӯз бошанд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи таъмини технологияи навини иттилоотӣ дар сиёсат пайваста бо парадигмаҳои ҷомеаи иттилоотӣ зиндагӣ доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи «Интернет» ба таври васеъ доираҳои гуногуни аҳолиро фаро гирифта, мамлакатро ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайваст мегардонад. Технологияи иттилоотӣ ахборотро ба нерӯи мутаҳаррике табдил додааст, ки он дар пешрафти ҷаҳони муосир нақши муайянкунандаро пайдо намудааст. Воситаҳои навтарини иттилоотӣ метавонанд оқибатҳои ҳам манфӣ ва ҳам мусбатро ба бор оранд. То кадом андоза ба нафъи манфиатҳои миллӣ истифода намудани онҳо муҳим аст. Моҳиятан, воситаҳои замонавии иттилооти оммавӣ дар заминаи манфиатҳои давлатҳои бузург инкишоф меёбанд. Бинобар ин доимо саволи зерин дар миён аст: воситаҳои иттилооти оммавии давраи рушди глобаликунонии олам ба амнияти миллии давлатҳои хурд чӣ муносибат ва ҳолати ҳамгироӣ доранд?

Воқеияти раванди сиёсии ҷаҳонӣ водор месозад, ки ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон муносибати хоса бояд кард. Чуноне ки сиёссатшиноси ватанӣ Г.Зокиров қайд менамояд, зарурат пеш омадааст, ки методҳои таъмини амнияти иттилоотиро бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ таҷдиди назар кард. Методҳои умумии таъмини амнияти иттилоотиро метавон ба гурӯҳҳои ҳуқуқӣ ва ташкилию техникӣ ва иқтисодӣ тақсим намуд.

Ба методҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ санадҳои меъёрию хуқуқӣ, танзиму таҳкими муносибатҳо дар соҳаи иттилоот ва меъёрҳои методии ҳуҷҷатҳо дар масъалаи таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва ғ. дохил мешаванд [2, с.214].

Аз аввали солҳои 2000-ум бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои муҳим дар самти таъмини амнияти иттилоотии кишвар ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилооткунонӣ” (аз 06.08.2001), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиллоот” (аз 10.05.2002), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иттилоот” (аз 02.12.2002), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” (аз 30.07.2007), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи криптография” (03.12.2012), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (аз 19.03.2013), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” (аз 26.06.2014), Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 07.11.2003), Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (30.04.2008) ва ғайра аз санадҳои муҳиме мебошанд, ки дар робита ба ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотӣ ба тасвиб расиданд.

Дар замони муосир нақши иттилоот ба таври бесобиқа боло рафта, воситаҳои ахбори умум ба аслиҳаи пуриқтидори таблиғоти сиёсӣ ва воситаи хеле неруманди таъсиррасонӣ ба мафкура ва фаъолияти инсон мубаддал гардид. Ҳоло дар муборизаҳои иттилоотӣ аз роҳу усулҳое истифода мегардад, ки дарки пасманзари онҳо барои бинандаю шунаванда ва хонандаи одӣ хеле душвор аст. Ин роҳу усулҳо бо дарназардошти дурнамо сурат гирифта, тарҳрезии идеяҳо ҳатто барои фанои идеологияҳои бузург мусоидат мекунанд ва ба ин васила мақсаду ҳадафҳои нопок, аз ҷумла нооромсозии суботи кишварҳо, барангехтани нобаробарию мухолифатҳои динию мазҳабӣ, костагардонии ахлоқу фарҳанг, нодида гирифтани арзишу суннатҳои миллӣ аз ҷумлаи шаклҳои муосири ҷангҳои иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Зиёда аз ин, имрӯз байни се минтақаи технологии ҷаҳон, аз ҷумла, минтақаҳои шарҳи Осиё, Аврупо ва Амрико муборизаҳои технологӣ, бактериологӣ, геосиёсӣ, иттилоотӣ ва экспансияи фарҳангӣ, ки амну суботи оламро зери хавфу хатар мегузорад, ошкору ниҳон доман паҳн кардааст. Ин таҳаввулот дар муносибатҳои нави байналмилалӣ ҳифзи фазои иттилоотии давлатҳои миллиро боз ҳам мураккабтар сохт [3].

Тавре таъкид карда шуд, дар шароити феълӣ рушду пешрафт ва ҳатто мавҷудияту баҳои давлатҳо ба устувории амнияти иттилоотӣ вобастагии амиқ дорад. Андешаи эътирофшудаи «Асри XXI – асри иттилоот» дорои воқеияти худ буда, идораи иттилоот дар ҷаҳони муосир ва шаклгирии равандҳо дар он аҳамияти ҷиддӣ пайдо намудааст. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки ноустувор ва ё заиф будани амнияти иттилоотӣ боис мегардад, ки давлатҳои соҳибистиқлол ва рушдкарда ба майдони моҷаро ва бархурди манфиатҳои қудратҳои муайян табдил ёбанд [4].

Технологияи босуръат паҳншаванда, рақамҳои гуногуни фаъолиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро шаклан дигаргун месозад. Вале фарогирии васеъшудаи нобаробарии рақамӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва махсусан кӯчактарин кишварҳо, иқтисоди рақамӣ хатари боз ҳам бузургтарро ба бор меорад. Барои аз нав дида баромадани марҳилаву ҳадафҳои рушди бахши рақамӣ ва тарҳи ояндаи ҷаҳонишавии муносибати ҳамаҷониба ба технологияҳои нав, тақвияти шарикӣ ва идоракунии бештар талаб мегардад.

Иқтисоди рақамӣ бо сабаби қобилияти ҷамъоварӣ, истифода ва таҳлили миқдори зиёди иттилоотии аз ҷониби компютер дастрасшаванда яъне, маълумоти рақамӣ, бо суръати бениҳоят афзоишёбанда идома дорад. Чунин маълумоти рақамӣ дар асоси таҳлили «роҳҳои рақамӣ», ки дар барномаи амалиётҳои гуногуни рақамӣ дар натиҷаи фаъолияти шахсони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ё корхонаву ташкилотҳо боқӣ мондаанд, ҷамъ оварда мешаванд.

Вобаста ба таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва бо такя бар арзишҳои ахлоқию маънавии хеш, имрӯз ҷомеаи кишварро зарур аст, ки сари масъалаи истифодаи дурусту оқилонаи интернет ва рушди иқтисоди рақамӣ андеша намоем. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳо ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ шомил аст. Бояд дар мамлакат якчанд марҳила ва лоиҳаҳои рушди иқтисодиёти рақамиро дар шароити имрӯза татбиқ намуд [5]:

  1. дар соҳаҳои хоҷагии деҳот, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва истифодабарии захираҳои ахборӣ бо таъмини дастурҳо ва намудҳои хизматрасонии электрониро бояд муайян ва ҷорӣ намуд;
  2. давлат дар фаъолияти истифодабарии рушди иқтисодиёти рақамӣ, бозори технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла муассисаю корхонаҳои хусусӣ, паркҳои технологӣ ва марказҳои хизматрасониро ташкил намуда, сармоягузорони хориҷиро ҷалб намоянд ва барои онҳо шароит фароҳам оваранд;
  3. мутобиқ намудани рушди инфрасохтори замонавии телекоммуникатсионӣ дар шароити муосир, технологияи алоқа ва рушди хизматрасониҳои шабакавӣ, рушди хизматрасониҳои ҳозиразамони телекоммуникатсиониро бояд ҷорӣ намуд;
  4. дар идоракунии давлат ва соҳаҳои иқтисодиёт, хизматрасониҳои ҳозиразамони электрониро ҷорӣ намуд ва бо кӯмаки иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва дастури таъминоти бозориро бояд рушд дод;
  5. сегменти Интернети миллӣ, ташкили медиа - контенти рақамӣ, захираҳои моддӣ - техникӣ ва иқтисодиро бо роҳи рушд ва таклифотҳо коркард намуд;
  6. ноҳияҳо ва шаҳрҳоро бо инфрасохтори ҳудудӣ ва истифодабарии онро тавассути электронӣ идора намудан, хусусан манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ - маишӣ, ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири транспортӣ барои «шаҳр ва ноҳияи муосир» ва коркарди «системаи муосир»;
  7. омӯзонидан ва такмил додани кадрҳои ихтисосӣ, омоданамоии кадрҳо.

Хусусиятҳои таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм мегиранд ва пеш аз ҳама, бояд таъсиррасонии он ба манфиатҳои миллӣ мавриди назар гарданд. Амнияти иттилоотии Тоҷикистон яке аз қисмҳои таркибии амнияти миллии мамлакат буда, ба ҳифзи манфиатҳои миллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ таъсир мерасонад.

Ҳангоми дар иқтисодиёт истифода кардани технологияҳои муосир пеш аз ҳама вақт сарфа мегардад. Вақт дар иқтисод нақши муҳим дорад. Ҳамаи ҷараёнҳои иқтисодӣ бо вақт алоқамандии зич доранд. Масалан, он кореро, ки инсон дар як рӯз анҷом медиҳад, технологияи муосир метавонад дар як соат анҷом диҳад. Ҳамзамон технологияҳои ҳозиразамон ҳатто дар бораи ҳар як ҷузъиёти истеҳсолот ва хизматрасонӣ маълумоти дақиқ дода метавонад. Ин гуна маълумотҳо барои банақшагирӣ ва баровардани қарори дуруст шароит фароҳам меорад. Масалан, системаи ҷустории миллӣ Dodaho.tj Шумо метавонед, бо воситаи ин системаи ҷусторӣ ба худ дилхоҳ маводҳои лозимаро, сари вақт пайдо намуда истифода намоед. Гузашта из ин, дархостҳои Шумо мавриди амн қарор мегиранд [6].

Ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии фаъолияти корӣ, интизом ва шаффофият низ ба вуҷуд меояд. Имрӯзҳо истифодаи технологияҳои рақамӣ ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро, ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ иҳота кардааст. Роҳбарият метавонад тамоми бурду бохти фаъолияти ташкилотро тавассути барномаи зарурии хоси ташкилот таҳти назорати худ қарор диҳад. Масалан, дар донишгоҳ маъмурият тавассути технологияҳои рақамӣ метавонад давомоти донишҷӯёнро дар дарс назорат намояд, сифати дарсгузарии устодонро мушоҳида намояд ва таълимро самаранок гардонад. Имрӯзҳо технологияҳои рақамӣ яке аз самтҳои пешрафтаи автоматикунонии раванди таълим ба ҳисоб меравад. Барои ташаккул додани таъминоти барномавӣ ва методӣ, базаи моддӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси устодон пешрафти бомувафаққияти татбиқи технологияҳои иттилоотии ҳозиразамон дар соҳаи маориф дида мешавад. Дар донишгоҳҳо талабот ба комплекси таълимии электронӣ, дарсҳои видеоӣ ва технологияҳои мултимедиавӣ зиёд аст ва назорати ҷиддӣ бурда истодаанд, мақсад ва ҳадафҳои асосӣ аз он иборат аст, ки донишҷӯён маводҳоро сари вақт, дастрас намуда вақти худро беҳуда нагузаронанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисодиёти рақамӣ рушд намуда истодааст ва дар баробари худ бехатарии иттилоотиро эҷод мекунад. Дар иқтисодиёти рақамӣ нақши калидиро амния мебозад. Истифодаи технологияи рақамӣ имкон медиҳад, ки муоширати инсоният дар дилхоҳ макон ва замон ба осонӣ сурат гирад.

Дар ин ҷода олимону муҳаққиқонро зарур аст, ки ба таҳлили масъалаҳои воқеӣ ва зарурӣ машғул шаванд ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро рушд дода, онро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайваст намуда, самаранок истифода баранд. Аз тарафи дигар, ҳар соҳибкасб метавонад аз ин технологияҳо истифода бурда, ба истеҳсолот ва эҷодиёти нав машғул гардад. Дар рушди иқтисоди рақамӣ нақши муҳимро давлат мебозад. Зеро давлат метавонад тамоми масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии марбут ба иқтисоди рақамиро бо таври устувор ба низом дарорад [7].

Қобили зикр аст, ки дар ин ҷараён илм ҳамчун воситаи муайян кардани татбиқи технологияҳои рақамӣ дар иқтисод баромад мекунад. Яъне дар асоси нишондодҳои илмӣ ҳамгироии технология ва иқтисодиёт ба амал меояд. Дар ин ҷараён ҷанбаи ҳуқуқии масъала дар он ифода меёбад, ки қонунгузор барои рушди иқтисоди рақамӣ бояд шароити мусоид фароҳам оварад. Таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки баҳри рушди иқтисоди рақамӣ имтиёзҳои андозию гумрукӣ, бақайдгирию ташкилӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин маҳдудиятҳои беасосе, ки боиси косташавии иқтисодиёт мегардад аз байн бурда мешавад [8].

Ҳамин тариқ, тибқи қонун низоми иқтисодӣ муайян ва идора карда мешавад ва ин усул дар давраи ҳозира, ки онро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ арзёбӣ менамоянд, қобили татбиқ аст. Албатта, марҳилаҳои  рушди иқтисодиёти рақамӣ танҳо аз масъалаҳои дар боло овардашуда иборат нест. Барои ба роҳ мондани рушди иқтисодиёти рақамӣ пеш аз ҳама корҳо тадқиқотиву санҷишҳои соҳавӣ гузаронида шуда, аз натиҷаҳои ба миёномода барномаҳои давлатӣ қабул намудан зарур аст.

Дар ин замина гуфтан бамаврид аст, ки ҳифзи амнияти миллии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар шароити имрӯза танҳо бо муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба итмом намерасад. Ҳолатҳои дигаре низ дар ин самт мавҷуданд, кадоме барои таъмини амнияти миллии кишвар дар сатҳи минтақавӣ ва байналхалқӣ муҳиманд,  ки дар радифи онҳо масъалаи амнияти иттилоотӣ ҷой дорад. Дар мавриди таъмини амнияти миллии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар шароити кунунӣ масъалаи мазкур муҳим дониста мешавад ва он дар раванди таъмини амнияти иттилоотӣ дар чаҳорчўбаи сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубрам арзёбӣ шудааст.

Таъмини сатҳи зарурии амнияти иттилоотӣ дар шароити Тоҷикистон метавонад ифодагари ҳимояи обруву нуфузи сиёсии кишвар бошад. Тавассути иттилоот комёбиҳо ва муваффақиятҳо, ҳамчунин масъалаҳои дигари инкишофи давлат дастраси ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, он ба таҳким ва такмили мавқеи давлат таъсири муайянкунанда мерасонад.

Таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз омилҳои таъмини бехатарии миллии ҳар як кишвар мебошад. Дар самти ҳифзи амнияти миллӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалии мухталиф бо иқдомҳои пешқадами худ фаъолнокии баландро нишон медиҳад ва масъалаҳои ҷойдоштаро дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳо ҳаллу фасл менамояд [9].

Тавре, ки дида истодаем раванди инкишофи босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо як қатор мушкилиҳоро низ ба бор овардаву сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе аз дастовардҳои ҷадиди илмию техникие, ки инсоният кашф кардааст, имрӯз ба амнияти худи сокинони сайёра хатар эҷод намуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки зиёд гардидани таҳдидҳои иттилоотӣ давлатҳоро водор сохтааст, ки ба амнияти иттилоотии худ таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намоянд. Зеро дар асри XXI, ки асри илму техника мебошад, амнияти миллии ҳар як давлату миллат аз амнияти иттилоотиаш вобастагӣ дорад.

Чунин таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути шабакаи Интернет ва васоити ахбори омма, ки дорои нерӯи бузурги таъсиррасонӣ мебошанд, эҳсос мегардад [10].

Пеш аз баррасии масъала бояд ёдовар шуд, ки амнияти иттилоотӣ ҷузъи таркибии иқтисоди рақамӣ мебошад.

Бо дарназардошти дигаргуниҳои технологии солҳои охир масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар муносибат бо дигар соҳаҳои амният дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Чунин зарурат ва афзалият бо он далел асоснок карда мешавад, ки фазои иттилоотӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат таъсири амиқ мерасонад. Дар шароити муосир иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ дар таъмини рушди иқтисоди рақамӣ саҳми хеле калон мегузоранд. Дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба амал омадани хизматрасониҳои рақамӣ ва махсусан, ташаккулдиҳии ҳукумати электронӣ ва тиҷорати электронӣ маҳз дар заминаи истифодаи иқтисоди рақамӣ имконпазир мегарданд.

Аммо дар баробари ин, дар баъзе аз мавридҳо иттилоотро барои таъсири манфӣ расонидан ва амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсию идеологӣ низ истифода менамоянд, ки дар чунин шароит ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот, баланд бардоштани маданияти иттилоотии шаҳрвандон, ба таври дуруст ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва монанди инҳоро тақозо менамояд. Гузашта аз ин, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз чигунагии таъмини амнияти иттилоотӣ вобаста мебошад. Вобастагии давлат аз фаъолияти муназзами системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осебпазирии иттилоотии ҷомеаро хеле зиёд менамояд.

Дар бисёре аз мавридҳо амнияти иттилоотиро ба таври анъанавӣ ҳамчун ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои иттилоотии шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилию берунӣ муаррифӣ менамоянд, ки ҳимояи ин манфиатҳо таъминкунандаи рушди устувори онҳо мебошанд [11, с.64].

Дар муносибат бо соҳаи иттилоотӣ ва фазои иттилоотии ҷомеа низ чунин баррасӣ қобили қабул аст. Амнияти иттилоотӣ ҳамчун ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои иттилоотии мамлакат (объектҳои иттилоотӣ) аз таҳдиду хатарҳо мебошад. Аммо бехатарии иттилоотӣ бошад хавфу хатарҳоеро дар назар дорад, ки аз ҷониби субъектҳои мушаххас дар заминаи истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва ба воситаи иттилоот ҳадафмандона ба амал бароварда мешаванд. Дар ин маврид бояд таъкид кард, ки амнияти кибернетикӣ унсури таркибии амнияти иттилоотӣ мебошад. Ба ибораи дигар амнияти иттилоотӣ нисбат ба амнияти кибернетикӣ мазмуни васеътар дорад. Амнияти шабакаҳои иттилоотӣ, шабакаи интернет, барномаҳои компютерӣ ва амнияти фазои кибернетикӣ дар маҷмӯъ унсурҳои таркибии амнияти иттилоотӣ мебошанд. Амнияти кибернетикӣ ҳолати муътадили фаъолияти системаҳои иттилоотӣ мебошад, ки дар шароити баамалоии муборизаҳои иттилоотӣ қодир аст, ки фаъолияти муназзами худро нигоҳ дорад. Аз ҳама бештар ба масъалаи амнияти кибернетикӣ мутахассисони соҳаи илмҳои техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Чунончӣ онҳо иброз медоранд, ки амнияти кибернетикӣ амнияти иттилоотии системаҳои компютерӣ ба шумор рафта, сатҳи баланди эътимоднокӣ ва устувории системаҳои иттилоотиро дар шароити муборизаҳои иттилоотӣ таъмин менамояд [12, с.6].

Дар шароити муосир яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи амнияти иттилоотӣ ин роҳандозӣ гардидани ҷангҳои иттилоотию психологӣ мебошад. Масъалаи тарғибу ташвиқи ғояҳои идеологӣ, коҳиш додани таъсири иттилоот бо роҳи паҳн намудани иттилооти бардурӯғ, вайрон намудани фаъолияти сохторҳои таъмини амнияти иттилоотӣ таърихи тӯлонӣ доранд. Аммо масъалаи ҷангҳои иттилоотию психологӣ падидаҳои нав мебошанд ва пайдоиши онҳо бо рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии навин марбут аст. Донишманди англис Натан Ротшилд дар замони худ гуфта буд: «Касе соҳиби иттилоот аст, ҷаҳонро идора менамояд» [13].

Воқеан ҳам дар бораи таҳдиду хатари яроқҳои иттилоотӣ танҳо мутахассисони соҳа тасаввуроти дуруст дошта метавонанд. Шаҳрвандони қаторӣ ва ё хизматчиёни давлатии омодагии касбияшон дар сатҳи паст қарордошта наметавонанд таъсири манфии ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва яроқҳои иттилоотиро дарк намоянд. «Ҳадафи ҳуҷуми иттилоотии душман маҳз ба шуури муқаррарӣ ва психологияи ҷамъиятии давлатҳои миллӣ равона карда шудааст. Боиси таассуф аст, дар ҷомеаи мо, ки ҳанӯз шуури назариявӣ – систематикунонидашуда дар оғози шаклгирист ва ҷавҳари онро бояд илм, маърифат, такмил, тарғиби илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ – дар асоси он рушди рақобатпазири миллӣ ташкил кунад, ҳатто дар байни зиёиён ва мансабдорон ҳисси парастиши афкори теологӣ – догматикӣ, ғайриилмӣ боло мегирад. Чунин хосияти ақибнишинӣ ва бетарафӣ ҷомеа, махсусан ҷавононро дар ҳолати ногувор мемонад» [14, с.28]. Барои оне, ки моҳият ва таъсири манфии падидаҳои мазкур ба таври дуруст дарк карда шаванд, барои одамон донишҳои сиёсӣ, психологӣ ва технологӣ зарур мешаванд. Гузашта аз ин, сол то сол дар кишварҳои гуногуни олам вобаста ба сатҳи зоҳиршавии таҳдидҳои иттилоотӣ харҷи маблағҳо барои таъмини амнияти иттилоотӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Айни замон бозори хизматрасониҳои амнияти иттилоотӣ ба 210 млрд доллар ва харҷи давлатҳо барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва пешбурди сиёсати иттилоотӣ то 300 млрд доллар рафта расидааст [15].

Ҳамин тариқ, дар шароити муосир амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба шумор рафта, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллиро муайян менамояд. Зарурат ва муҳиммияти таъмини амнияти иттилоотӣ бо дарназардошти ду тамоюлот асоснок карда мешавад: якум, вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотӣ, технологияҳои компютерӣ ва тавсеаи шабакаи интернет; дуюм, вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ. Ба ибораи дигар, чи қадаре ки технологияҳои иттилоотию компютерӣ рушд намоянд ва миқёси истифодабарии интернет васеъ гардад, ҳамон қадар хавфу хатари ба амал баровардани ҷангҳои иттилоотӣ ва зиёд шудани ҳуҷумҳои иттилоотӣ меафзояд. Дар мавриди тамоюлоти дуюм воқеият ин аст, ки дар кишвар чи қадаре ки пешрафти техникию технологӣ ба амал ояд ва дар заминаи технологияҳои иттилоотию компютерӣ рушди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин гардад, ҳамон қадар хавфи ба амал омадани ҳуҷумҳои кибернетикӣ меафзояд.

Системаи амнияти иттилооти қисми таркибии системаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба воситаи такмилдиҳии асосҳои ташкилию ҳуқуқи ва чорабиниҳои муҳандисию техники амнияти умумии давлатиро бояд таъмин кунад.

Ташаккули системаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нав, вақте амали мегардад, ки механизмҳои қаблан муқарраргардидаи амнияти иттилооти дар ҳаҷми пурра ба он мувофиқат наменамоянд самаранокию аҳамияти худро то андозае гум мекунанд.

Системаи амнияти иттилооти бештар ба воситаи чор самти асоси таъмин карда мешавад: ҳимояи ҷисмони, ҳимояи ташкили, ҳимояи техники ва ҳимояи оперативи. Ҳимояи техникии иттилоот соҳаи муҳими муосири таъмини амнияти иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи корҳои зерин талаб карда мешавад:

- маҷмӯи вазифаҳои техники ва математикии таъмини амнияти иттилооти ва телекоммуникатсионии ба ҳамдигар алоқаманд аз дастгоҳҳои парвозкунандаи баландмадор ва пастмадор ва то хатҳои байнидавлатии рӯизамини ва зеризаминии интиқоли қувваи барқ, қубурҳои шоҳроҳҳо (гази табий), роҳи оҳан ва ғ.;

- таъмини системаи боэътимоди техникии амнияти иттилооти;

- таъмини ҳифзи иқтисоди ва технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истифодаи технологияҳои навтарин дар соҳаи ҳуҷҷатҳои электрони, пайвастшавии системаҳои иттилооти ба шабакаҳои иттилоотии глобали ба таҳдидҳои ғайриқонунии дастраси ба иттилоот, инчунин мушкилшавии ташкили назорати ҳолати амнияти иттилооти аз тарафи давлат мусоидат менамояд.

Дар ҳолати номувофиқатии сатҳи ҳифзи айнияти иттилооти сатҳи сустии онҳо зиёд гардида ногузир ба таҳдиди амнияти давлати оварда мерасонад.

Оқибатҳояш:

- таҳдид ба истиқлолият ва тамомияти арзии давлат;

- таъсири дигар давлатҳо ба ташаккул ва татбиқи қарорҳо;

- вақти амалигардии фаъолияти сиёси ва иқтисодии дохили ва беруни;

- сустшавии қобилияти мудофиавии давлат;

- пастшавии суръати инкишофи иқтисоди ва техникӣ, камшавии истеҳсол, вобастагии технологии иқтисодиёти милли аз дигар давлатҳо;

- бадшавии ҳолати криминогени [16].

Дар чунин шароити ҳассос зарурати пайдо намудани роҳу усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо, пешгирӣ намудани оқибатҳои манфии зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотии ҷомеа, бахусус ташаккул додани тафаккури техникӣ масъалаҳое мебошанд, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин мавзуъро хеле мубрам мегардонанд.

Дар мақола ҳамаи самтҳои иқтисоди рақамӣ ва амнияти онро фаро гирифтан ғайримкон аст. Аз ҳамин лиҳоз, умедворем, ки ояндаи наздик оид ба марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва чӣ гуна роҳҳои ҳалро ёфт, дар ҳамкорӣ бо дигар олимон ва мутахассисон тадқиқоти мушаххаси илмиро анҷом дода, онро барои татбиқи рушди иқтисоди рақамӣ ва амнияти иттилоотии кишварамон равона созем.

 АДАБИЁТ

  1. Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025. [манбаи электронӣ]. URL: https://caa.tj/tg/barnomai-miyonamukhlati-rushdi-chumkhurii-tochikiston-baroi-solkhoi-2021-2025. (санаи муроҷиат 15.01.2024).
  2. Зокиров Г.Н. Сиёсатшиносӣ.- Душанбе: «ЭР-граф», 2010.-520с.
  3. Давлат ва таъмини амнияти иттилоотӣ. [манбаи электронӣ]. URL: https://hkhdtkhatlon.tj/kulob/view-news.php?view=21971.(санаи муроҷиат 23.01.2024).
  4. Иттилоот ва таҳдиди он. [манбаи электронӣ]. URL: http://tsulbp.tj/archives/22551. (санаи муроҷиат 29.01.2024).
  5. Рақамикунонии иқтисодиёт-омили рушд ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон. [манбаи электронӣ]. URL: https://anvor.tj /2024/ 01/17/ рақамикунонии-иқтисодиёт-омили-рушд/. (санаи муроҷиат 03.02.2024).
  6. Системаи ҷустории миллӣ: www.Dodaho.tj
  7. Иқтисодиёти рақамӣ омили рушди иқтисодиёти муосир ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат аст. [манбаи электронӣ]. URL: https://khovar.tj/2023/05/i-tisodiyoti-ra-am-omili-rushdi-i-tisodiyoti-muosir-va-ifzi-amniyati-i-tisodii-mamlakat-ast/. (санаи муроҷиат 11.03.2024).
  8. Ахмадзода Н.С. Зарубежный опыт государственного регулирования в условиях цифровой экономики. Мир экономики и управления. 2021;21(1):104-118. https://doi.org/10.25205/2542-0429-2021-21-1-104-118.
  9.  Амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ. [манбаи электронӣ]. URL: http://www.farkhor.tj/node/1993. (санаи муроҷиат 14.03.2024).
  10. Ҷаҳонишавӣ ва таъсири он. [манбаи электронӣ]. URL: http://tsulbp.tj/archives/17602. (санаи муроҷиат 17.03.2024).
  11. Возженников А.В. Национальная безопасность: теория, политика, стратегия. - М.: ВТИ «Модуль», 2000. -234 с.
  12. Бородакий Ю.В., Добродеев А.Ю., Бутусов И.В. Кибербезопасность как основной фактор национальной и международной безопасности XXI века // Вопросы кибербезопасности. – 2013. -№ 1 (1). -С.2-9.
  13. Секрет фирмы. Кто владеет информацией, тот владеет миром. [манбаи электронӣ]. URL: https://moscowtorgi.ru /news/bezopasnost_ biznesa/869/. (санаи муроҷиат 19.03.2024).
  14.  Ятимов С.С. Илм ва амният. - Душанбе: Ганӣ нашриёт, 2019. – 192 с.
  15. Информационная безопасность (мировой рынок). [манбаи электронӣ]. URL: https://www.tadviser.ru/index.php/ Статья: Информац ионная_безопасность_(мировой_рынок)
  16. 16.  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон «Барномаи...». [манбаи электронӣ]. URL: https://khadamotialoqa.tj/barnomai-tamini-amniyati-ittilootii-um-urii-to-ikiston/.(санаи муроҷиат 22.03.2024).

© library.tj

Постоянный адрес данной публикации:

https://library.tj/m/articles/view/ТАЪМИНИ-АМНИЯТИ-ИТТИЛООТӢ-ДАР-ШАРОИТИ-РУШДИ-ИҚТИСОДИ-РАҚАМӢ

Похожие публикации: LТаджикистан LWorld Y G


Публикатор:

Файзуллоҷон СафаровКонтакты и другие материалы (статьи, фото, файлы и пр.)

Официальная страница автора на Либмонстре: https://library.tj/Safarov

Искать материалы публикатора в системах: Либмонстр (весь мир)GoogleYandex

Постоянная ссылка для научных работ (для цитирования):

Сафаров Ф.Г., ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ // Душанбе: Цифровая библиотека Таджикистана (LIBRARY.TJ). Дата обновления: 03.05.2025. URL: https://library.tj/m/articles/view/ТАЪМИНИ-АМНИЯТИ-ИТТИЛООТӢ-ДАР-ШАРОИТИ-РУШДИ-ИҚТИСОДИ-РАҚАМӢ (дата обращения: 26.04.2026).

Найденный поисковым роботом источник:


Автор(ы) публикации - Сафаров Ф.Г.:

Сафаров Ф.Г. → другие работы, поиск: Либмонстр - ТаджикистанЛибмонстр - мирGoogleYandex

Комментарии:



Рецензии авторов-профессионалов
Сортировка: 
Показывать по: 
 
  • Комментариев пока нет
Публикатор
Файзуллоҷон Сафаров
Яван, Таджикистан
1213 просмотров рейтинг
03.05.2025 (358 дней(я) назад)
0 подписчиков
Рейтинг
7 голос(а,ов)
Похожие статьи
Дар мақола истиқлолияти иттилоотӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории муосир дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ баррасӣ мешавад. Муаллиф нишон медиҳад, ки дар асри рақамӣ соҳибихтиёрии воқеии давлат на танҳо ба захираҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки ба қобилияти мустақилонаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, ҳифз ва идоракунии иттилоот низ вобаста аст. Дар заминаи таҳлили санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқоисаи онҳо бо равишҳои OECD, СММ, ITU, Бонки Ҷаҳонӣ, NIST, Иттиҳоди Аврупо ва Чин, мафҳуми истиқлолияти иттилоотӣ аз мафҳумҳои амнияти иттилоотӣ ва соҳибихтиёрии рақамӣ фарқгузорӣ мешавад.
Каталог: Кибернетика 
45 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров
Замони муосир, ки иттилоот ба унсури калидии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст, мафҳуми истиқлолияти иттилоотӣ аҳамияти хоса касб намудааст. Истиқлолияти иттилоотӣ маънои қобилияти як давлат ё ҷомеаро дорад: дар истеҳсол, коркард ва иртиботи иттилоот бе вобастагӣ аз системаҳои хориҷӣ ва бе таъсири неруҳои беруна. Ин мафҳум на танҳо ба амнияти иттилоотӣ рабт дорад, балки ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, худшиносии фарҳангӣ ва истиқлолияти сиёсӣ низ таъсири амиқ мерасонад.
Каталог: Кибернетика 
79 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров
Мо таърих месозем ва Додаҳо оғози ин таърих хоҳад буд. Ин таърихест, ки дар он маълумот қудрат аст, фаҳмиш роҳнамо ва инноватсия муҳаррик. Ҳар як бити маълумот, ҳар як рақам, ҳар як порчаи иттилоот зарраест дар ташаккули ояндаи мо. Ба ин маъно, мо на танҳо додаҳоро коркард мекунем, балки мо таърих эҷод мекунем. Таърихе, ки дар он маълумот нақши муҳим дорад ва миллат ба қуллаҳои нав мерасад. Пас, биёед бо якҷоягӣ ин таърихро нависем, бо ҷасорат, ақл ва ӯҳдадорӣ ба ояндае, ки дар он Додаҳо заминаи мустақили миллӣ гардад.
Каталог: Кибернетика 
358 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров
Дар мақола мушкилоти асосии ҳифзи маълумоти шахсӣ дар фазои маҷозӣ, инчунин самтҳои асосии талабот баҳри таъмини ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян карда шудааст. Зеро ҳифзи маълумоти шахсӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар меҳвари рушди давлатҳо қарор дорад. Ин зарурат бо рақамикунонӣ, гузариши аксари фаъолиятҳои инсон ба сохти рақамӣ, инчунин афзоиши ҳамлаҳои киберӣ ва ихроҷи маълумоти шахсӣ дар муҳити рақамӣ муайян карда шудааст. Мақсади тадқиқот таҳлили сабабҳо ва шароити хавфҳои зиёд нисбат ба маълумоти шахсӣ, таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ дар фазои маҷозӣ, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ.
Каталог: Информатика 
362 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар ҳоли рушду нумӯъ ва пешрафт қарор дораду барои тезонидани ин раванд ҳамарӯза ҷавононе пайдо мешаванд, ки кишвари маҳбуби моро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Файзуллоҷон Сафаров, олими ҷавон ва номзади илмҳои техникӣ аз зумраи чунин ҷавононе мебошад, ки барои рушди нумӯи кишвар ва ҳифзу гиромидошти арзишу манофеи миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми худро гузошта истодааст. Номбурда нақша дорад, бо пиёда сохтани як тарҳи нав - системаи миллии ҷустуҷӯии “Dodaho” Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд. Дар бораи фаъолияти ин ҷавон ва тарҳи нави ӯ суҳбате доштем, ки фишурдаашро пешкаши хонанда мегардонем.
Каталог: Информатика 
362 дней(я) назад · от Файзуллоҷон Сафаров

Новые публикации:

Популярные у читателей:

Всемирная сеть библиотек-партнеров:

LIBRARY.TJ - Цифровая библиотека Таджикистана

Создайте свою авторскую коллекцию статей, книг, авторских работ, биографий, фотодокументов, файлов. Сохраните навсегда своё авторское Наследие в цифровом виде.
Нажмите сюда, чтобы зарегистрироваться в качестве автора.
Партнёры Библиотеки

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ
 

Контакты редакции
Чат авторов: TJ LIVE: Мы в соцсетях:

О проекте · Новости · Реклама

Цифровая библиотека Таджикистана © Все права защищены
2019-2026, LIBRARY.TJ - составная часть международной библиотечной сети Либмонстр (открыть карту)
Сохраняя наследие Таджикистана


LIBMONSTER NETWORK ОДИН МИР - ОДНА БИБЛИОТЕКА

Россия Беларусь Украина Казахстан Молдова Таджикистан Эстония Россия-2 Беларусь-2
США-Великобритания Швеция Сербия

Создавайте и храните на Либмонстре свою авторскую коллекцию: статьи, книги, исследования. Либмонстр распространит Ваши труды по всему миру (через сеть филиалов, библиотеки-партнеры, поисковики, соцсети). Вы сможете делиться ссылкой на свой профиль с коллегами, учениками, читателями и другими заинтересованными лицами, чтобы ознакомить их со своим авторским наследием. После регистрации в Вашем распоряжении - более 100 инструментов для создания собственной авторской коллекции. Это бесплатно: так было, так есть и так будет всегда.

Скачать приложение для Android